Шавқмамад Пӯлодов: "Рубоб не, раббоб"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раббоб сози мусиқии қадимиест, ки дар бештари хонаводаҳои мардуми Бадахшон пайдо мешавад. Ҳатто хонаводаҳое, ки онро навохтан наметавонанд, дар гӯшае аз хона ё дар сутунҳои хона онро овезон мекунанд. Номи ин сози мусиқиро ба фарқ аз дигар минтақаҳо дар Бадахшон на “рубоб”, балки “раббоб” мегӯянд.