Порлумони Русия қасд дорад, ба наздики Қонун дар бораи шаҳрвандиро ислоҳ кунад ва ҳадаф аз он ба гуфтаи муаллифонаш, осон кардани муқаррароти гирифтани шаҳрвандӣ барои шаҳрвандони кишварҳое мисли Тоҷикистон аст, ки дар аҳди шӯравӣ тобеи Русия буданд.
Тарҳи ислоҳшудаи Қонун дар бораи шаҳрвандӣ, ки охирин муқаррароти пешниҳод барои баррасӣ дар Думаи давлатиро рӯзи 17-уми март гузашт, гирифтани паспорти русӣ барои онҳоеро осон мекунад, ки дар кишварҳои шӯравии собиқ ба дунё омадаанд ва забони русиро хуб медонанд.
Тарҳи қонунро вакилони мардумӣ, Наталя Поклонская аз Ҳизби Русияи воҳид ва Констатин Затулин, муовини раиси Кумитаи умури кишварҳои муштаракулманофеъ ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд.
Дар номаи муаллифони пешниҳод, ки дар вебсайти Думаи давлатӣ ҳаст, омадааст, ки тарҳи ислоҳшудаи қонунро бо назардошти дастури раиси ҷумҳур Владимир Путин пешниҳод мекунанд, ки соли 2012 хост, “тартиби осонтари қабули ҳамватанон ва меросбарони забону фарҳанги русӣ ва авлодони онҳое, ки Русияи императорӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба дунё омадаанд, қабул шавад.”
Яке аз ислоҳоти пешниҳодӣ ин аст, ки баъди қабули қонуни нав аз онҳое, ки мехоҳанд, шаҳрванди Русия шаванд, санади расмии даст кашидан аз шаҳрвандии кишвари худаш талаб намешавад. Бар асоси қонуни феълӣ агар хориҷие бихоҳад, шаҳрвандии Русияро қабул кунад, бояд санади расмӣ дар бораи даст кашидан аз шаҳрвандиро ба мақомоти Русия пешниҳод намояд. Аз шаҳрвандони Тоҷикистон чунин санаде талаб намешавад, чун байни Тоҷикистону Русия созишномаи душаҳрвандӣ ба имзо расидааст.
Аммо ба гуфтаи Саттор Фарҳодов, сокини 46-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо ислоҳи қонун ҳам кори муҳоҷирони тоҷиқи муштоқи шаҳрвандии Русия осон намешавад. Ба гуфтаи Саттор, ки донишгоҳро бо забони русӣ хатм кардааст, имтиҳони забони русие, ки аз хоҳишмандони шаҳрвандӣ мегиранд, бисёр печида аст ва ҳар кас наметавонад онро супорад.
“Ман русиро сад фоиз медонам, сӯҳбат мекунам, аммо имтиҳон бароям мушкил буд. Онҳо як матни бузурги парокандаро медиҳанд, ки онро ҷумлаҳояшро ҷо ба ҷо карда, матнро дуруст кунед. Ё як ҳикояи нопурра аст, ки бояд давомашро худат бофта бинависӣ.” – мегӯяд, ӯ.
Ба қавли Саттор, бо саводи ками забони русие, ки муҳоҷирони кории тоҷик доранд, супурдани имтиҳон барояшон осон намешавад. Ҳазорон нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки солҳо дар Русия зиндагӣ ва кор кардаанд, майли зиёде барои гирифтани шаҳрвандии ин кишварро доранд, аммо ба далели надонистани забон ё иштибоҳ дар санад аз ин ҳақ маҳрум мешаванд.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Этмос” дар Маскав мегӯяд, ҳеҷ сабукиеро аз қонун интизор надорад. Ӯ мегӯяд:”Санадро тавре ислоҳ мекунанд, ки ягон беҳбудӣ намешавад, чунки он аз чанд комиссия мегузарад ва шояд чанд бандаш ихтисор шавад. Дафъаи гузашта ҳам гуфтанд, ки забони муошират кофист, вале дигар чиз зам карданд.”
Вале онҳое ба осонӣ ҳаққи шаҳрвандии Русияро мегиранд, ки соҳибихтисос ҳастанд ва розианд бар асоси барномаи “Переселение” ба ҳар минтақае, ки онҳоро мефиристанд бираванд. Барои ҳамин танҳо дар соли 2016 бештар аз 14 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои шомил шудан ба барномаи “Переселение” ба сафорати Русия дар Душанбе муроҷиат кардаанд. Аз миён тақрибан 2000 ҳазор нафар қабул шудаанд ва қасд доштаанд ба Русия муҳоҷират кунанд.
Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки бо Русия созишномаи душаҳрвандиро дорад ва ҳар касе, ки шаҳрвандии ду тарафро дорад, метавонад, дар кишвари дилхоҳаш кору зиндагӣ кунад. Аммо аксари тоҷикистониҳое, ки тобеияти Русияро ба даст меоранд, дар ҳамин кишвар кору зиндагӣ ихтиёр мекунанд, чун музди коре, ки дар Тоҷикистон мегиранд, кам аст. Имтиёзҳои иҷтимоӣ, ки Русия ҳам ба онҳо медиҳад, қобили муқоиса бо имтиёзҳои Тоҷикистон нест.
Паёмади ин “рафтан”-ҳо ва ё "фирори мағзҳо"-ро Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос мекунад. Аз ҷумла вазорати маориф, ба 270 нафар муаллимони математикаву физика, химия ва забонҳои англисиву русӣ эҳтиёҷ дорад ва вазорати тандурустӣ аз ин ҳам бештар. Дар кишвар ҳудуди 3 ҳазор табиби соҳибихтисос намерасад ва айни замон ҳазорон табиби тоҷикистонӣ дар ноҳияву шаҳрҳои Русия кор мекунанд. Бисёре ҳам шаҳрвандии ин кишварро доранд.
Бино ба оморҳо, ба истиснои тақрибан 1 миллион русзабоне, ки баъди суқути шӯравӣ аз Тоҷикистон ба Русия кӯчиданд, дар 20 соли ахир аз 200 000 то 300 000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.