Аз қатли Фархунда ба дасти шуморе аз мардони хашмгин дар шаҳри Кобул ду сол гузашт, вале ба бовари хонаводаи ӯ, то ҳол адолати воқеӣ дар хусуси ин қазия таъмин нашудааст. Муҷибуллоҳ Маликзода, бародари Фархунда, ки баъд аз ин ҳодиса бо далели амниятӣ ҳамроҳи хонаводааш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, рӯзи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Афғонистон дар ин ду сол натавонистааст омилони қатли ӯро муҷозот кунад.
Ба гуфтаи сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон, ҳукумат дар ҳар қазия ва бахусус қазияи Фархунда адолатро таъмин хоҳад кард.
Ба қавли Муҷибуллоҳ, ҳанӯз шуморе аз омилони қатли хоҳараш аз сӯи нирӯҳои амниятӣ боздошт нашудаанд. "Дар маҷмӯъ, адолат аз назари оилаи мо таъмин нашудааст. Натанҳо аз назари оилаи мо, балки аз назари тамоми мардуми Афғонистон ва ҷаҳон. Мо ҳеҷ вақт дар пайи интиқом набудем. Мо дар пайи таъмини адолат ҳастем", - афзуд ӯ.
Ду соли пеш дар ҳамин рӯз Фархунда бо иттиҳоми сӯхтани Қуръон – китоби муқаддаси мусалмонҳо – дар баробари зиёратгоҳи Шоҳи душамшера ва дар пеши чашми пулиси Кобулу ҳузури садҳо бошандаи пойтахти Афғонистон кушта шуд. Мардони хашмгин баъди куштан ҷасади ӯро оташ заданд. Нирӯҳои бештари пулис замоне ба маҳалли ҳодиса расиданд, ки Фархунда дигар зинда набуд.
Пас аз ин ҳодиса ва тазоҳуроти густурдаи мардум дар Кобул ҳукумат 29 фарди мулкиро бо иттиҳоми даст доштан дар ин қазия боздошт кард ва низ 20 маъмури амниятӣ ҳам бо иттиҳоми онки натавонистанд Фархундаро наҷот диҳанд, мавриди пайгард қарор гирифтанд. Наҷл Роҳил, вакили дифои хонаводаи Фархунда, мегӯяд, аз миёни ин ҳама афрод дар ҳоли ҳозир 11 тан дар зиндонанд. Ба гуфтаи вай, ҳукумат натавонистааст адолатро ба гунаи воқеӣ дар ин қазия таъмин кунад.
Аммо касоне, ки ба ҷурми даст доштан дар куштани Фархунда зиндонӣ шуданд, оё нисбат ба амалкардашон пушаймон шуданд? Дар ин бора ба суроғи Шариф Бағлон, дар зиндони Пуличархӣ рафтем, ки пас аз кушта шудани Фархунда дар саҳифаи Фейсбукиаш навишта буд, ӯ ҳам дар ин қазия даст дорад. Шариф мегӯяд, "замоне ки кас ба китоб ва дини ман таҷовуз кунад ва зери пои ман бимирад, ман кадом аксуламал нишон намедиҳам."
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Додситонии кулли Афғонистон хабар доданд, ки ҳанӯз парвандаи Фархунда баста нашуда ва касоне, ки дар ин қазия муттаҳаманд, мавриди пайгард қарор доранд. Ҷамшед Расулӣ – сухангӯи ин ниҳод – гуфт, “дар хусуси теъдоди ашхос ва афроде, ки дар ибтидо гирифта шуда буданд, парвандаҳояшон ба маҳкама расидааст. Парвандаи бархе ашхос, ки баъдан дар ҷараёни фаъолияти органҳо кашфу мавриди шиносоӣ шуданд, ниҳоӣ ва теъдоди дигарашон ҳам дар баррасӣ қарор дорад.”
Ба гуфтаи сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон, ҳукумат дар ҳар қазия ва бахусус қазияи Фархунда адолатро таъмин хоҳад кард.
Куштани Фархунда яке аз ҳодисаҳои бесобиқа дар Афғонистон хонда шудааст. Ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи занон ба ин боваранд, ки саҳлангорӣ дар ин қазия нобовариро нисбат ба кори ҳукумат дар бахши ҳимоят аз ҳуқуқи башар, бахсус занон, афзоиш хоҳад дод.