"Доллар надорем"

Бархе аз тоҷирони тоҷик аз он шикоят карданд, ки як ҳафта боз барои харидани доллар дар нуқтаҳои расмии мубодилаи асъор дар навбат истодаанд, вале "корашон ҳанӯз буд нашудааст". Қурбон Соҳибов – як соҳибкор дар Душанбе – рӯзи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ду рӯзи охир натавонистааст аз бонкҳои кишвар ҳадди ақалл 300 доллар пайдо кунад.

Се сабаби ҷаҳиши қурби доллар аз нигоҳи мақомот

Дар охири моҳи феврали соли равон Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, болоравии нархи доллар дар бозорҳои кишвар муваққатист ва дар моҳҳои оянда вазъ ба эътидол хоҳад омад.

Ӯ гуфт, "фаврӣ ба доллар эҳтиёҷ дорем, аммо муроҷиатҳои батакрори мо ба бонкҳо бенатиҷа буд. Мегӯянд, ки агар доллар дошта бошед, мехарем, вале барои фурӯш доллар надорем. Ҳайронем, ки чӣ кор кунем?" Тоҷирон мегӯянд, қисмати асосии молу маҳсулоташонро барои фурӯш аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мекунанд ва дар ин додугирифт доллар нақши асосӣ мебозад.

Онҳо, инчунин, иддао карданд, ки болоравии пайиҳами қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ дар моҳҳои охир ба тиҷораташон қатра – қатра зиён расонда, дар сурати идома ёфтанаш ба дарё табдил хоҳад дод. Қурбон Холов, ки ба ворид крадани компютер ва технологияҳои навин аз хориҷа ба Тоҷикистон машғул аст, гуфт, ки феълан аз 100 доллар тақрибан 50 сомонӣ зарар мебинанд ва инро касе ҷуброн нахоҳад кард.

Буҷаи соли 2017. 1 доллар = 9 сомониву 16 дирам

"Вақте як компютерро фурӯхтам, 100 доллар ба 820 сомонӣ баробар буд. Имрӯз қурб дар бозори ғайриарсмӣ то 850 – 860 сомонӣ боло рафтааст. Ман зарар мебинам ва бояд ин заррарро аз куҷо бипӯшонам? Агар вазъият ҳамин тавр идома кунад, беҳтар аст, дари дӯконҳоро бандем, вагарна зарари зиёде хоҳем дид", - афзуд Қурбон Холов.

Доллар дар саррофиҳои Душанбе дар ҳоле камчин шудааст, ки ахиран қурби он дар баробари пули миллии сомонӣ рӯ ба боло овардааст. Субҳи 18 март дар намояндагии бонкҳои Тоҷикистон навишта буданд, ки 100 доллар ба 823 сомонӣ харида ва ба 825 сомонӣ фурӯхта мешавад, вале кормандонашон ба суоли мо, ки оё барои фурӯш доллар доред? "не" гуфтанд.

Ҳарчанд мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон вуҷуди бозори ғайрирасмӣ ё сиёҳро дар як соли охир дар кишвар рад мекунанд, вале тоҷирон мегӯянд, ки ин бозор ҳамакнун побарҷост ва қурби доллар дар ин бозори пинҳонӣ аз қурби расмӣ то 30-40 сомонӣ гаронтар аст. Дар Бонки миллии Тоҷикистон иллати болоравии қурби доллар ва ҳамчунин камчин шудани ин асъори хориҷиро ба “номутаносибии тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон” вобаста дониста ва гуфтанд, ки дарозмуддат нест.

Кори саррофиҳои мустақил дар Тоҷикистон расман охири соли 2015 манъ гардид

Парвози қурби доллар бахусус дар нимаи дувуми соли 2014 ва нимаи аввали соли 2015 мушоҳида шуд. Дар моҳи майи соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон раис ва тамоми муовинони раиси Бонки миллиро барканор карда ва раҳбарияти нави бонк сиёсати шадидеро барои танзими вазъи бозори асъор рӯи даст гирифт.

Ибтидо дар роҳи фаъолияти саррофони хусусӣ дар кишвар маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ шуда, аз 1 декабри соли 2015 салоҳияти мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба ихтиёри бонкҳо гузоштанд ва нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъорро аз байн бурданд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла бо доллару евро фурӯхтани манзилу мошин ва мубодилаи асъор берун аз бонк, ҷаримаҳои сангин ва ҳатто ҳукми зиндон ҷорӣ карданд.