Танзими чопхона, аз бунбасти муҷоҳирату мардикорӣ раҳо кардани Тоҷикистон, сарфаи пули буҷа, фазои бидуни сензура ва таъсиси гурӯҳи вижаи рӯшанфикрон аз суолу пешниҳодҳое будааст, ки баъзе аз зиёиҳо мехоҳанд, дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар миён гузоранд. Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар чанд соли ахир дар остонаи Иди Наврӯз баргузор мешавад ва, қарор аст, имсол рӯзи 19 март дар "Кохи Наврӯз" баргузор гардад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мулоқоти қаблии президент бо зиёиён нишон медиҳад, ки рӯшанфикрони тоҷик дар амри ба раиси ҷумҳур расондани масъалаи мубрам ва доғи ҷомеаи кишвар ё саҳлангорӣ мекунанд, ё ҷуръат надоранд.
"Адабиёт бечора шудааст"
Низом Қосим – раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон – рӯзи 14 март ба Радиои Озодӣ гуфт, барои мулоқот бо президенти кишвар феҳрасти аҳли қаламро пешинҳод кардааст. Ӯ афзуд, дар ин мулоқот пешниҳод хоҳад кард, ки масъалаи чопхонаҳоро дар сартосари кишвар ба танзим дароваранд.
"Чопхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо беҳад зиёд шудаанд. Адабиёт бечора шудааст, зеро ҳар касе завқ дорад ё надорад, китоб нашр мекунад. Ба назари ман, дар инҷо масъалаи тиҷорат аст. Онҳо мутахассис надоранд, таҷҳизоти дуруст надоранд. Намешавад адабиётро тиҷорат кард. Манзур сензура нест ва ё маҳдуд кардани фаъолияти соҳибкорӣ намебошад, балки бояд маърифати мардумро рушд дод", - афзуд ӯ.
Чаро зиёиҳо ақибнишинӣ мекунанд?
Мулоқоти қаблии президент бо зиёиён нишон медиҳад, ки рӯшанфикрони тоҷик дар амри ба раиси ҷумҳур расондани масъалаи мубрам ва доғи ҷомеаи кишвар ё саҳлангорӣ мекунанд, ё ҷуръат надоранд. Абдумалик Қодирӣ, коршиноси тоҷик, гуфт, зиёиёни мо дар вақте ки масъаларо бояд матраҳ кард, ақибнишинӣ мекунанд.
Вай мегӯяд, ба ин мулоқоти президент бо зиёиён даъват нашудааст, вале чанд пешниҳоде дорад, ки мехоҳад аз тариқи вебсайти Радиои Озодӣ матраҳ кунад. "Нахуст, ҳукумати кишвар бояд аз бунбасти муҳоҷирати корӣ раҳо шавад ва механизми онро ба зудтарин фурсат шакл диҳад. Дигар инки давлати Тоҷикистон бояд иқтисодро рушд диҳад ва пойбанди пули муҳоҷирони корӣ набошад. Севум, маблағи буҷаи давлат баҷо истифода шавад, то чойхонаву китобхона ва театрҳо аз пули давлат бунёд гардад", - таъкид кард ӯ.
"Дар кишвар сензура вуҷуд дорад"
Коршиноси дигари тоҷик Шокирҷон Ҳакимов низ ба ин мулоқот даъват нашудааст, вале ин ҳамоишро барои арзи масъалаҳои ҷомеа муҳим мешуморад. Вай мегӯяд, "ба сурати умум дар кишвар сензура вуҷуд дорад ва олимон дар навиштани китобу баррасии масъалаҳо олимон чандон озод нестанд".
Ҳакимов афзуд, агар дар мулоқот бо президенти кишвар ширкат мекард, ин масъаларо дар миён мегузошт. Ҳамин тавр, ҳамсӯҳбатони мо бештар ишора ба он мекунанд, ки мулоқот бо президенти кишвар дар як сол як бор баргузор мешавад ва бояд масъалаҳое дар миён гузошта шаванд, ки ба фоидаи ҷомеа бошад.
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён дар чанд соли ахир дар остонаи Иди Наврӯз ба ҳукми анъана даромада ва ҳар соли ин мулоқот бо шукӯҳу шаҳомат баргузор мешавад. Мулоқоти соли 2014-и раиси ҷумҳур бо зиёиён дар бинои Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон ва чунин мулоқот соли 2015 дар "Кохи Наврӯз" сурат гирифта буд.