Хатлон синамо "Хаёлӣ"-ро намоиш дод (CАДО)

Саҳнае аз филми "Хаёлӣ"

Студияи филмсозии «Хатлон синамо» нахустнамоиши қиссаи мазҳакавии "Хаёлӣ"-ро баргузор кард, ки маҳсули кори дусолаи филмсозон аст. Ин филми мазҳакавии бадеӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳафтаи гузашта намоиш дода шуд, аз ҷониби тамошобинон баҳои хуб гирифт ва ҳоло эҷодкорони хатлонӣ умедворанд, ки маҳсули корашонро дар шаҳру манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам ба намоиш гузоранд.

Достони филм дар бораи як ҷавони камбизоатест, ки издивоҷаш бо духтари сарватмандеро фақат дар хоб мебинад.Ин сеюм филми «Хатлон синамо» дар чанд соли охир аст.

Гурӯҳи эҷодии студияи ҷавони "Хатлон синамо" дар таҳияи филмҳои бадеӣ қадамҳои аввал мегузорад ва умедвор аст, ки заҳматҳои он дар ин роҳи душвору пурхарҷ натиҷа медиҳад. Гурӯҳи филмсозони студия аз шаш нафар иборат аст.

Буҷаи кам, вале ...

Зафари Валӣ, яке аз масъулони гурӯҳи эҷодии "Хатлон синамо" мегӯяд, ба фарқ аз филмсозони даврони шӯравӣ, кори онҳо аз сифр то замони нахустнамоишаш пурра ба дӯши онҳост: таҳияи идея, эҷоди достон, дарёфти маблағ барои иҷрои ҳамаи нақшаву барномаҳои филм – заҳматест, ки талошҳои шабонарӯзӣ талаб мекунад. Филмҳои ин студияи синамо аз диди аввал – харҷи ночиз дорад, вале дар шароите, ки доранду сармояҳое, ки ҷамъоварӣ мешавад, имрӯз барои татбиқи идеяи онҳо кифоят мекунад. Арзиши як филми миёнаву камбуҷаи онҳо 8 ҳазор доллар аст.

"Дар гурӯҳи эҷодии мо ҷавононе ҷамъ омадаанд, ки таҷриба доранд ва мактаби касбиии филмсозӣ ва ҳунарпешагиро хатм кардаанд ва бо дили гарм кор мекунанд. Бо вуҷуди мушкил ва камбуди маблағ талош мекунанд, ки филмҳои хубе таҳия ва ба намоиш гузоранд. Пулҷамъкунӣ барои филмсозӣ дар вазъияте, ки ҳаст, осон нест, вале талош мекунем бо нафароне, ки ҳунари фимсозиро қадр мекунанд, ҳамкорӣ кунем ва моро дастгирӣ кунанд. Соҳибкороне низ ҳастанд, ки кӯмак мекунанд". –мегӯяд, Зафари Алӣ.

Саҳнае аз филми "Асрори тақдир"

Амонҷон Муҳиддинов, як ҳаводори филмҳои «Хатлон синамо» эҳсосоти худро аз филмҳои сохтаи ин студия - "Хаёлӣ" ва "Асрори тақдир" дар соли гузашта хуб ёд дорад: «ҷое буд, хандидам, ҷое буд, гиристам, вале бояд гуфт, ки ҳунармандон дар иҷрои кори худ муваффақ шудаанд». Вай гуфт, ҳарчанд ин студия хурд асту ҳунари эҷодкорон ҳанӯз рушд мехоҳад, «хушҳол мешавам, ки онҳо имкони фимлсозӣ доранду талош мекунанд беҳтар шаванд".

Омодагӣ ба филмҳои нав

Ҳоло ҳайати "Хатлон синамо" дар паи таҳияи филми нави худ бо номи рамзии "Бародарон" аст. Муаллифи сенария ва ҳунарманди синамову театр Хайрулло Давлатов мегӯяд, ин навбат умедвор аст интихоби мавзӯъ қобил қабули тамошобин шавад: даъвои мерос ва моликияти падар миёни бародарони як хонавода, аз марзи меҳру садоқати ҳамхунӣ

"Дар гурӯҳи эҷодии мо ҷавононе ҷамъ омадаанд, ки таҷриба доранд ва бо дили гарм кор мекунанд.

ба даъвоҳои ашаддӣ гузаштани баҳсҳо, аланӣ шудани рашку ҳасаду бухлу кина. Вай мегӯяд, ин мавзӯъ – баёнгари дардҳои аксар хонаводаҳои имрӯзаи тоҷик ва бахусус оилаҳои серфарзанд дар Тоҷикистон аст, ки гаҳ-гоҳе ҳатто бо фоҷеаи мисли бародаркушӣ ҳам меанҷомад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хатлон синамо "Хаёлӣ"-ро намоиш дод


Зафари Валӣ гуфт, талош мекунад дар филмҳои худ аз дардҳои сахти ҷомеа, мисли қочоқи маводи муххаддир дар филми "Марги сафед" ва ё зиндагии ятимон дар "Асрори тақдир" қисса кунад. Филми «Асрори тақдир» баъди намоиши яксолааш дар шаҳру навоҳии вилоят пули харҷи он - 8 ҳазор долларро баровард. Филмсозон мегӯянд, баробар бо ҳунари таҳияи филм барои худ дарси тиҷорат ва мутобиқшавӣ ба бозорро ҳам азхуд мекунанд.

Кӯмак ба филмсозони ҷавон

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарпешаи маъруфи синамо ва театр дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба кори филмсозони "Хатлон синамо"-ро баҳои баланд дода гуфт, ки онҳо марҳилаҳои аввалро пушти сар карда қадамҳои нахустинро дар наворгирии филмҳои ҳирфаӣ гузоштаанд. Вале боз ҳам роҳи онҳо то расидан ба пояи студияи ҳирфаии синамо тӯлонӣ аст ва як мушкили аслӣ – набуди маблағу сармоягузорӣ аст. Феълан як мушкили аслии онҳо – набуди студияи хусусии филмбардорӣ аст ва бо мусоидати Аловиддин Абдуллоев, ҳоло нақши дафтари корӣ ва ҳам ҷойи филмсозии онҳоро бинои театри мусиқию мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа иҷро мекунад.