Дар пайи садамаи ЗИЛ дар мазори “Роҳатӣ”, дар даромадгоҳи Ромити шаҳри Ваҳдат, 6 нафар ҷон бохтаанд. Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки аксари қурбониҳо ҷавонони то 30-сола буда, аз маросими дафни пирмарде бармегаштанд. Баъзеи онҳо сокини шаҳри Душанбе будаанд.
Бино ба иттилои дарёфтии мо ду нафар аз маҷрӯҳон дар “Медгородок”-и Душанбе бистарӣ шудаанд.
Навбатдори Идораи умури дохилии шаҳри Ваҳдат дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда ва гуфт, ҳодиса баъд аз зӯҳри шанбе, соатҳои 15 – 16, иттифоқ афтодааст. Мусоҳиби мо гуфт, ҳоло мақомот қазияро таҳқиқ доранд. "Нуктаи рӯшан ин аст, ки мошин ба мазори “Роҳатӣ” ҷаноза бурда буд. Ҳодиса баъди гӯр кардани майит иттифоқ афтода, гирдомадагонро пахш кардааст", - афзуд ӯ.
Бархе аз шоҳидони ҳодиса низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъд аз гӯрондани як пирмарди сокини шаҳри Ваҳдат ҷавонон ба болои ЗИЛ баромада, ба хонаҳояшон бармегаштанд, аммо ногаҳон “тормози” мошин аз кор баромада, идорааш аз даст рафтааст. “Ҳангоми аз баландӣ фаромадан тормозаш кор намекунад ва ба ҷарӣ меафтанд. Ҳодиса бо нуқси техникӣ рух додааст”, - гуфт як мусоҳиби мо аз шаҳри Ваҳдат.
"Ваҳдат" дар Ваҳдат мегузарад
Вай афзуд, теъдоди зиёде ҳам ҷароҳат бардошта, барои табобат ба бемористонҳои Душанбе ва Ваҳдат интиқол ёфтаанд. Вале навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат дар бораи онки чӣ қадар афрод захмӣ шудаанд, иттилои дақиқ надод ва гуфт, “ҳанӯз маълум нест”.
Бино ба иттилои дарёфтии мо ду нафар аз маҷрӯҳон дар “Медгородок”-и Душанбе бистарӣ шудаанд. Аз якеи онҳо Фарҳодҷон ном бурда шуд, ки ба қавли наздиконаш захм бардошта ва табибон бояд ҷарроҳияш кунанд. Падари ӯ дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, ҳодиса ногаҳонӣ буд ва барои ҳамин бисёре аз ҷанозахонҳо сахт осеб дидаанд. Вай гуфт, “мо намози ҷанозаро хонда бармегаштем. Дар болои ЗИЛ 15-20 нафар буданд. Ҳамин хел ҳодиса шуд ва писари ман ҳам ҷароҳат бардошт. Ҳоло дар бемористон ҳастем. Вазъияти дигарҳоро намедонам”, - афзуд ӯ.
Шаҳри Ваҳдат дар 25-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.
Мақомоти шаҳри Ваҳдат ваъда карданд, ки ба зудӣ ному насаби қурбониҳо ва захмиёнро дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор хоҳанд дод. Агар Шумо ҳам шоҳиди ин ҳодиса будед ва тафсилоти бештарро медонед, лутфан, аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба шумораи +420 724 053 959 бинависед.