Баъд аз муноқишаи гурӯҳии ҷавонон дар оғози соли ҷорӣ дар Душанбе, ки бо куштори ду нафар анҷом ёфт, маконҳои фароғати ҷавонону наврасон, аз ҷумла интернет-кафеҳо зери назорат гирифта шудааст. Моҳи феврал мақомот дари баъзе аз марказҳои букмекериро низ бо ҳадафи санҷиши фаннии шароити кори онҳо бастанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нигаронии мақомот аз болоравии ҷиноят дар миёни наврасону ҷавонон боис ба ҷилавгирии онҳо аз ҳузури дастҷамъӣ дар маконҳои тафреҳиву фароғатӣ мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, дар Душанбе 70 дар сад ё наздики 3 ҳазор ҷинояту авбоширо ҷавонону ноболиғон содир намудаанд. Вале бархе аз нозирон мегӯянд, ки дар тамоми солҳои охир мақомот танҳо аз шеваи бастану манъ кардани ин ё он навъи фаъолиятҳо кор мегиранд, вале пешниҳоди созандаи дигаре барои саргармии ҷавонон карда намешавад.
Чаро нархи толори варзишӣ дар як моҳ 200-300 сомонист? Бигзор нархро арзонтар кунанд. Ҳадди ақалл 10-20 сомонӣ бошад.
“Бастан роҳи ҳал нест”
Мунтақидон мегӯянд, ки танҳо монеагузорӣ роҳҳали мушкили бебандуборӣ дар рафтор ва ахлоқи ҷавонон буда наметавонад. Онҳо аз маҳфилҳои варзишиву ҳунарии зиёди даврони Шӯравӣ ҳамчун як намунаи саргармии мактабиён ёд мекунанд.
- Бо чӣ роҳ мешавад фикри ҷавонони имрӯзро банд ва барои рушду пешрафти онҳо мусоидат кард? Дар ин бора дар атрофи як мизи гирди Радиои Озодӣ рӯзи 11 март ҷавонҳои соҳибназари тоҷик – Хуршед Мавлонов, Ҷамшед Олимов ва Завқибек Солиҳов – изҳори назар карданд
Хуршед Мавлонов мегӯяд, пеш аз бастани ҳар даре бояд дар фикри пешниҳоди дигар шуд. “Агар якбора марказҳои дилхуширо ба рӯи ҷавонон бандем, онҳо рӯй меоранд ба корҳои дигар, ки шояд ба роҳи ҷинояташон барад ва ё ягон кори дигаре, ки метавонад ба ҷомеа зараровар бошад. Ниҳодҳои масъуле, ки ин марказҳоро бастанд, бояд ягон марказ ё ягон чораҳоеро дар баробари марказҳои дилхушии басташуда пешкаши ҷавонон кунанд, ки ҷавонон рӯй оранд ба ин чиз. Аммо бояд гуфт, ки сабаби аслии рӯй овардани ҷавонон ба чунин марказҳо аз бекории онҳо аст”, - афзуд ӯ.
Ба ҷои интернет-кафеҳо толори варзишӣ созанд?
Ахиран Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм мақарраш дар Ҳолланд бо нашри як гузориш гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри ҷадвали афроди интиҳорӣ ё маргталаб дар ҳайати гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия мебошанд.
Завқибек Солиҳов мутмаин аст, ки ҷои интернет-кафе, марказҳои букмекерӣ ва дискоклубҳоро барои саргармии ҷавонон – толорҳои варзишӣ иваз карда метавонад: “Беҳтар аст ҷавононон ба толорҳои варзишӣ раванд, чун ба ин восита ҳам метавонанд саломатии худро хуб нигоҳ доранд”. Аммо Завқибек эътироф мекунад, ки толорҳои варзишӣ нисбат ба интернет-кафеҳо нархи гаронтар доранд ва маҳз нархи гарони онҳо бисёр ҷавонҳоро аз варзиш дур мекунад.
Ӯ мегӯяд, “нархи толори варзишӣ дар як моҳ 200-300 сомонӣ набошад. Бигзор нархро арзонтар кунанд. Ақаллан 10-20 сомонӣ бошад. Он раисони ноҳияҳои Душанбе, ки барои фаъолияти ин қадар интернет-кафеҳо иҷозат доданд, метавонистанд ба як соҳибкор имкон фароҳам оранд ва ӯ ду-се толори варзишӣ бунёд мекард ва он бо нархи арзонтар ба ҷавонон пешниҳод мешуд”.
Марказҳоро бастанд, баъд чӣ?
Завқибек Солиҳов мегӯяд, шумори марказҳои тафреҳии ҷавонон, аз ҷумла интернет-кафеҳо дар муқоиса ба толорҳои варзишӣ аз миқдор зиёд аст. Ӯ мегӯяд, “интернет-кафеҳо ба мактабҳо хеле наздик ҳастанд. Ҳатто дар макатаби рақами 43, ки дар муноқишаи ахири ҷавонон хонандагони ин мактаб ҳам буданд, дар наздикии мактаб интернет-кафе аст. Он ниҳодҳое, ки ба фаъолияти марказҳои тафреҳӣ иҷозат медиҳанд, бояд ба инобат гиранд, ки мавҷудияти ин гуна марказҳо дар наздикии муассисаҳои таълимӣ хуб нест. Чун ҷавон метавонад дар ин ҳол аз миёни мактаб ва маркази тафреҳӣ дувумиро интихоб кунад”.
Хуршед Мавлонов дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, дар оғози фаъолияташон марказҳои тафреҳӣ бе назорат буданд ва бо ин сабаб ҷавонон ба ин марказҳо майл карданд. Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, “вақте мизоҷони онҳо бо гузашти солҳо зиёд шудан гирифт, якбора бастани онҳо як латма ба рӯҳияи муштариёнаш шуд. Вақте дари марказҳои дилхуширо бастанд, ҷавонон гӯё роҳгум заданд, ки акнун ба куҷо раванд”.
Ман сад дар сад бовар дорам, ки як ҷавон ҳадди ақал зиндагиномаи Имоми Аъзамро биомӯзад, на ба ифрот меравад ва на ба ифротгароӣ. Як ҷавони огоҳро ҳеҷ кас наметавонад фиреб диҳад.
Аммо Ҷамшед Олимов, як масъули “Созандагони Ватан”-и Ҳизби ҳокими халқии демократӣ бовар дорад, ки аксар марказҳои тафреҳӣ, ба монанди марказҳои букмекерӣ барои фоидаи як гурӯҳ кор карда ва ҳаёти ҷавонони зиёдро тира мекунанд.
Маҳдудиятҳо ҷавононро ифротӣ кард?
Ахиран Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм мақарраш дар Ҳолланд бо нашри як гузориш гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри ҷадвали афроди интиҳорӣ ё маргталаб дар ҳайати гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия мебошанд. Коршиносон мегӯянд, манъи ҳузури ҷавонони то 18-сола дар масҷид, дахолати аз ҳад зиёди мақомот ба ҳаёти шахсии ҷавонон ва маҳдуятҳои зиёд барои онҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон, ҷавононро ба Сурияву Ироқ бурд.
Иштирокчиёни мизи гирди Радиои Озодӣ мегӯянд, агар аз як тараф маҳдудиятҳо ҷавононро аз Сурия бурда бошад, аз ҷониби дигар бетаваҷҷуҳии мақомот ва ба худию бегона ҷудо кардани онҳо низ ҷавононро ифротӣ кардааст. Хуршед Мавлонов мегӯяд, “бояд мақомот танҳо як гуруҳи ҷавононро мадди назари худ нагиранд. Дар баробари онки гурӯҳҳои ҷавонони фаъолро дар пешбурди ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ сиёсиву иҷтимоӣ ҷалб мекунанд, бояд дигар ҷавононеро, ки бекор ҳастанд, онҳоро низ ҷалб кунанд. Ба ин гуна ҷавонон як намуд дастгирии пулӣ кунанд, то ки завқи онҳо бедор шавад. Чун фикр мекунам, бастани марказҳои тафреҳи охири кор нест”.
Аммо Ҷамшед Олимов, намояндаи созмони “Созандагони Ватан” ба ин андеша розӣ нест ва мегӯяд, “озодии мутлақ дар ягон ҷои дунё вуҷуд надорад ва интиҳорӣ шудани ҷавонон мушкилоти на танҳо Тоҷикистон, балки аксари кишварҳои ҷаҳон аст. Ӯ мегӯяд, ин маҳдудиятҳое, ки танҳо ба фоидаи ҷавонон аст, боис шуда наметавонад, ки ҷавонон худро дар ҷангҳои Сурия интиҳорӣ намоянд. Ҷавононе, ки ба он ҷо гаравиш карданд, аз маҳдуд шудани ингуна озодиҳо нарафтаанд.”
“Агар як бор зиндагиномаи Имоми Аъзамро хонанд...”
Завқибек Солиҳов дар ин бора назари тамоман дигар дорад. Ӯ аз маҳдудият дар пӯшидани либос дар мактабу донишгоҳҳо, гирифтани таълими динӣ дар Тоҷикистон интиқод карда, гуфт, омили ахирӣ сабаб шудааст, то ифротиён аз ҷавонон бомбаи зинда омода кунанд. Ба гуфтаи Завқибек, “аз ҷавони бесавод ҳар кас метавонад дилхоҳ одам бисозад. Пеш аз ҳама агар як ҷавони мо фаҳмиши хуби динӣ медошт, ба Сурия намерафт. Аксари онҳое, ки мераванд дар инҷо на рӯҳонӣ буданд ва на саводи динӣ доштанд. Ман сад дар сад бовар дорам, ки як ҷавон ҳадди ақал зиндагиномаи Имоми Аъзамро биомӯзад, на ба ифрот меравад ва на ба ифротгароӣ. Як ҷавони огоҳро ҳеҷ кас наметавонад фиреб диҳад.”
Солиҳов мегӯяд, агар мақомот аз омӯзиши динӣ додан барои ҷавонон ҳарос доранд, ҳадди ақалл барои онҳо толорҳои варзишии арзон бунёд кунанд, то ҷавонон вақтҳои холии худро онҷо сипарӣ кунанд.