Муштзани тоҷик Даврон Маҳмадов дар Олмон як ҳафта боз дар кома аст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пизишкони Олмон як муштзани тоҷикро дар шаҳри Кёлни ин кишвар ҷарроҳии мағзӣ кардаанд. Даврон Маҳмадов, муштзани 24-солаи тоҷик, ҳафтаи гузашта зимни тамрин бо хӯрдани зарб аз ноҳияи сар ба беҳушӣ (кома) афтодааст.