Ҷангҷӯёни тоҷик "гӯлулаҳои зинда"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ". САДО

Cӯҳроб Асомиддинов дар чандин видеои тарғиботии гурӯҳи Давлати исломӣ зоҳир шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, аз чаҳор узви як хонаводаи тоҷик, ки ду сол пеш ба сафи гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ пайвастанд, ду нафарашон бо анҷоми амали маргталабӣ кушта шудаанд.

Як корманди мақомоти интизомӣ рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Сӯҳроб Асомиддинови 27-сола ва Насиба Асомиддиноваи 30-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, дар Сурия амалиёти интиҳорӣ анҷом додаанд. Ба қавли мусоҳиби мо, ин хоҳару бародар моҳи декабри соли 2014 бо модарашон - Манзура Давлатова ва писари чаҳорсолаи Насиба ба Сурия рафтаанд. Тасдиқи хабари бомбгузории маргталабона анҷом додани ин хоҳару бародари тоҷик аз дигар манобеъ номумкин аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯҳробу Насиба чаро худро тарконданд?

Мақомот мегӯянд, иттилои онҳо бар асоси аксу чанд видео ва шоҳидии афроди баргашта аз Сурия аст. Соли гузашта пойгоҳҳои хабарии марбут ба гурӯҳи Давлати исломӣ видеоеро намоиш доданд, ки дар он нафаре, ки мақомот аз ӯ Сӯҳроб Асомиддинов ном мебаранд, бо қасди тарконидани худ дар назди қароргоҳи курдҳои Сурия савори мошини зоҳиран пур аз маводи мунфаҷира мешавад.

Таркиши ин мошин дар навор дида мешавад ва гурӯҳи Давлати исломӣ ин гуна амалҳоро бо ҳадафҳои тарғиботӣ дар вебсайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш медиҳад. Замони анҷоми ҳамлаҳои интиҳорӣ аз тарафи ин хоҳару бародар маълум нест.

Насиба бо писари чаҳорсолааш ба Сурия рафтааст.

Акси Насиба Асомиддинова, хоҳари Сӯҳроб Асомиддинов ва иттило дар бораи ӯ як сол боз аст, ки дар вебсайти Интерпол, - пулиси байналмиллалӣ гузошта шудааст ва дар он омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон Насиба Асомуддиноваро бо иттиҳоми “зархаридӣ” ҷустӯҷу доранд. Назирбек Турсунов, яке аз хешовандони ин хонавода рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо охири соли 2014 аз Тоҷикистон нопадид шуданд ва то ҳол касе намедонад, ки бо кадом роҳе онҳо то Сурия расиданд.

Ҷавонони камтаҷрибаи тоҷикро ҳамчун “гӯлулаи зинда” истифода мебаранд.

Иттило дар бораи маргталаб шудани як хоҳару бародар аз Тоҷикистон дар рӯзе нашр шуд, ки Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм бо нашри як гузориш зери номи "Ҷанг бо амалиёти интиҳорӣ” гуфтааст, дар Сурия ва Ироқ 27 шаҳрванди Тоҷикистон амали интиҳорӣ анҷом додаанд ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри ҷадвали маргталабон дар ин ду кишвар ҳастанд.

Ҳамсӯҳбати мо аз мақомоти интизомӣ гуфт, бар асоси иттилои дарёфтӣ, 39 шаҳрванди Тоҷикистон ё ҳамчун маргталаб истифода шудаанд, вале далели собите дар ин бора вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ аз ҳамин сабаб, парвандаҳои онҳоеро, ки хабари худкушиашон расидааст, қатъ намекунанд, зеро мумкин аст, ин хабарҳо бофта бошанд.

“Ин хабарҳо бо акс ва эътирофоти чанд шоҳид дастрас шудааст, вале онҳо ҳанӯз ҳам барои тафтишот далел нестанд. Ба ҳамин хотир, мо ҳеҷ нафарро аз рӯйхати афроди таҳти пайгард қарор дошта хориҷ намекунем ва парвандаи онҳо низ баста намешавад – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, аксаран тоҷиконе барои ҳамлаҳои интиҳорӣ истифода мешаванд, ки таҷрибаи ҷангӣ надоранд.

“Ҷавонони камтаҷрибаи тоҷикро ҳамчун “гӯлулаи зинда” истифода мебаранд. Дар ҳамлаҳои интиҳорӣ тақрибан чеченҳо дида намешаванд, зеро онҳо ҷанговари хуб ҳастанд ва ба истилоҳ ДИИШ намехоҳад, онҳоро ҳайф кунад” – мегӯяд Фаридун Ҳодизода.

Ба гуфтаи Ҳодизода, ваъдаи биҳишт ва таблиғи ин, ки “фидо кардани худ” беҳтарин амал дар ҷиҳод аст, ҷавонони гумроҳро ба ин кор вомедорад. Аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ, бештар шудани ҷавонони маргталаби тоҷик дар сафҳои ДИИШ аз қавӣ будани мубаллиғони тоҷики ин гурӯҳ хабар медиҳад.

Фаридун Ҳодизода, мегӯяд, ҷавонони тоҷик фирефтаи тарғибот мешаванд.

“Тарғиб мекунанд, ки иштирок дар ҳамлаи интиҳорӣ туро рост ба биҳишт мебарад. Шаҳодат ва биҳишт рафтанро ташвиқ мекунанд. Дуввум бо пахши наворҳо аз онҳо қаҳрамон метарошанд ва дигаронро ба ин васила ташвиқ мекунанд.” Ин аз он дарак медиҳанд, ки таблиғагрони тоҷик хеле фаъолу қавианд. Ба ҳадде онҳоро мағзшӯӣ мекунанд, ки гӯё ба ҷои хубе сафар доранд”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДИИШ пайвастаанд. Ба гуфтаи мақомот, то кунун дар бораи марги тақрибан 400 нафари онҳо хабару гузоришҳо нашр шудааст.