Иттиҳоди Аврупо бо интиқод аз бетағйир мондани 23 сол ҳукми зиндони вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров ба ҳукумати Тоҷикистон дар бораи масъулиятҳои ин кишвар дар заминаи таъмини озодиҳо ва волоияти қонун ёдовар шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 феврал эълон кард, ки айби Ёровро дар тақаллуб, барангехтани кинаву адовати динӣ ва нажодӣ пурра тасдиқ намуда ва ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанберо бетағйир гузоштааст. Додгоҳи пойтахт моҳи октябри соли гузашта Ёровро ба 23 соли ҳабс маҳкум карда буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба эътимоди ин созмон, “ин ҳукмҳо бо уҳдадориҳои давлат дар бораи эҳтиром ва таъмини мустақилияти адвокатҳо комилан мухолифат доранд”.
Дар изҳороти рӯзи 3 марти дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе гуфта шудааст, онҳо "ба ғайришаффоф будани тафтишот ва нақзи ҳуқуқи Бузургмеҳр Ёров ба мурофиаи одилона эътибор медиҳанд ва он бар хилофи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди қонуни байналмилалӣ аст." Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз он изҳори таассуф кардааст, ки "қатъи назар аз қавли қаблии мақомоти Тоҷикистон ба намояндагони ИА барои мушоҳидаи мурофиаи мазкур иҷозат дода нашуд. Иттиҳоди Аврупо мақомоти Тоҷикистонро ба пурра риоя кардани ӯҳдадориҳои кишвар дар ҷодаи таъмини озодиҳои асосӣ ва волоияти қонун даъват мекунад."
Дар як мусоҳибаи ихтисосии худ бо Радиои Озодӣ рӯзи 13 феврали имсол Ҳидоят Бишчевич, раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дар робита ба қазияи Ёров гуфта буд, масъала ин аст, ки барои онҳо низ тамоми ҷузъиёти қазияи пурсару садо маълум нест.
"Мо аз онҳо шаффофияти муҳокимаҳои додгоҳиро тақозо карда будем. Мо табиати қонунҳои Тоҷикистонро медонем. Тоҷикистон метавонист дар таъмини шаффофият ва адолати бештари додгоҳӣ иқдом кунад. Бояд эътироф кунам, ки феълан чизи бештаре дар ин замина гуфта наметавонам. Сабабаш ин аст, ки мо тамоми ҷузъиётро намедонем, чунки мо дар бораи худи ин қазияҳо маълумоти кофӣ надорем", - афзуд ӯ.
Дипломатҳои хориҷӣ ва ҳам созмонҳои умдаи ҳуқуқи башар, назири Human Rights Watch ва Amnesty International борҳо ба ангезаҳои сиёсии қазияи Бузургмеҳр Ёров таъкид карда гуфтаанд, ки ин шахс баъди изҳори омодагиаш ба ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли 2015 дастгир шуд. Ёров, аъзои ҲНИТ ва даҳҳо нафари дигар – ҷамъан беш аз 200 нафар – аз соли гузашта аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла ҳабси абад маҳкум шуданд.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ин афрод дар пуштибонӣ ва ташкили ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар таърихи 4 сентябри соли 2015 гунаҳкор ҳастанд. Ин парвандаҳо мӯҳри сиррӣ гирифта, на намояндагони матбуот, на дипломатҳои хориҷӣ ва на созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон ба ин мурофиаҳо роҳ наёфтанд. Нозирони ин қазияҳо борҳо гуфтанд, ки пӯшида будани мурофиа ва аз чашми ҷомеа дур мондани далели гунаҳкории ин афрод шубҳаи зиёдро дар заминаи дурустии иттиҳомот бештар мекунад.
Мақомоти тоҷик, аз ҷумла, раҳбарияти Додгоҳи олӣ, Додситони кулли Тоҷикистон ва Омбудсмен аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва дигар маҳкумшудаҳои ҲНИТ ҳимоя карда ва онро мутобиқ ба қонунҳои кишвар арзёбӣ намудаанд. Коршиносон мегӯянд, дар содир шудани ҳукмҳои ин афрод даъват ва интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон нодида гирифта шуд. Аз ҷумла, Идораи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон дар як изҳороташ моҳи октябри соли 2016 бо изҳори нигаронӣ аз ҳукми Ёров ва Нуриддин Маҳкамов – вакили дигари ҲНИТ ва маҳкум ба 21 соли зиндон - гуфт, ин қарор "бо фаъолияти қонунии касбии онҳо алоқаи зич дошта, интиқом барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аъзои ҲНИТ мебошад”.
Ба эътимоди ин созмон, “ин ҳукмҳо бо уҳдадориҳои давлат дар бораи эҳтиром ва таъмини мустақилияти адвокатҳо комилан мухолифат доранд”. Дар изҳороти ҳукумати Амрико гуфта шуд, ки тақозои онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон ин буд, ки “мурофиаро ба шеваи одилона ва шаффоф ва мутобиқ бо ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аз рӯи Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ баргузор кунанд. Набуди ҳимояти зарурии ҳуқуқӣ дар нисбати Ёров, Маҳкамов ва дигар садоҳои мустақил, рушди демократии Тоҷикистонро халалдор мекунад”.
Дар гузоришҳои солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, созмонҳои Human Rights Watch ва Amnesty International гуфтанд, ки дар паи ин ҳукмҳо нишондодҳои демократии ин кишвар якбора поин рафт. Amnesty International аз ҷумла гуфт, “мақомот таҳдидҳои амнияти миллӣ ва зарурати мубориза бо терроризмро дар маҳдудиятҳои бештари озодии баён тавҷеҳ карданд". Дар ҳоле ки арзёбиҳои созмони байналмилалӣ аз вазъи озодиҳои сиёсӣ дар ин кишвар интиқодӣ аст, мақомоти Тоҷикистон ин арзёбиҳоро "ғайривоқеӣ" донистанд.