Барканории беш аз 10 нафар барои ташкили фоҳишахона дар кӯдакистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Узбакистон беш аз даҳ нафарро барои бепарвоӣ нисбат ба қазияи ташкили фоҳишахона дар чанд кӯдакистони вилояти Сурхондарё, минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз кор гирифта, бархе аз кормандони боғчаҳои бачагонаро аз озодӣ маҳрум намудаанд. Садриддини Ашӯр, хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ, ки ин мавзӯъро таҳқиқ дорад, гуфт, наздикони бархе аз кӯдакон гуфтаанд, бар илова фарзандонашон таҳти фишори равонии мураббияҳо буданд. Онҳо гуфтаанд, ба хотири онки қиссаҳои дохили кӯдакистон ба берун набарояд, кӯдаконро бо корд тарс дода ва таҳқир намудаанд. Ҷузъиёти бештар дар навори видеост.