Марги бародари ронандаи Ҳоҷӣ Ҳалим дар зиндон

Абдуҳалим Назарзода

Абдуҳалим Назарзода

Қаноат, яке аз панҷ бародарон Мукаммиловҳо, ки ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон айбдор шудаанд, рӯзи 2 март дар муассисаи ислоҳии рақами 1-и Вазорати адлия дар Душанбе даргузаштааст. Ӯ ҳамроҳ бо бародари дигараш - Мирзо Мукаммилов, ронандаи Абдуҳалим Назарзода - тобистони соли гузашта дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.

Амалиёт зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва чанд тан аз ҳамроҳонаш поён ёфт.

Мақомот гуфтанд, ин ду бародар пас аз ошуби Ҳоҷӣ Ҳалим ба Русия фирор карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе охири соли гузашта Қаноат Мукаммиловро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва фирор аз ҷавобгарӣ барои даҳ сол равонаи зиндон кард. Мақомот се бародари дигари ӯро барои пинҳон кардани ду таппончаи Ҳоҷӣ Ҳалим ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон намудаанд.

​Мақомоти расмӣ то кунун сабабҳои марги Қаноат Мукаммиловро ошкор накардаанд. Зубайда Мукаммилова, хоҳари Қаноат, рӯзи 2 март ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш гирифтори бемори сил буд ва ҳамчунон аз дарди гепатит ранҷ мебурд. Ӯ гуфт, аз замони боздошт то лаҳзаи мурданаш ӯро ба наздиконаш нишон надодаанд.

"Мо мехостем, барояш дору барем ва табобаташ кунем, вале иҷозат надоданд. Бемории ҳепатиташро тамоман табобат накардаанд. Ин саҳар пас аз талоши зиёд ба мо ҷасадашро доданд", - афзуд ӯ.

Қаноат Мукаммилов солҳои тӯлонӣ дар Русия ба сар бурда, ҳамсари рус доштааст. Ӯ бефарзанд буда, як нафарро ба фарзандхонӣ қабул карда, бузург кардааст. Ҳоло чаҳор бародари дигар аз хонаводаи Мукаммиловҳо дар зиндон қарор доранд.

Мирзо Мукаммилови 43-соларо мақомот ронандаи шахсии Абдуҳалим Назарзода муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бародарони худро шомили гурӯҳи генерали ошӯбгар кардааст. Наҷмиддин Мукаммилов, яке аз ин бародарон дар гузашта ронандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов будааст.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзои ин гурӯҳ кушта шуд.

Дар пайи аз байн бурдани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карданд ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябри 2015 расман манъ карда шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки Назарзода як гурӯҳи беш аз 300-нафарӣ таъсис дода, қасди табадулоти давлатӣ доштааст. Тибқи иттилои расмӣ, даҳҳо узви гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт ва зиндонӣ шудаанд.