Дарс миёни обу лой дар мактаби Дарқад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хонандагони мактаби №30–и деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор дар орзуи мактаби наву замонавӣ ҳастанд. Дар пайи барфу боронҳои ахир саҳни ин мактаб ба як кӯли воқеӣ мубаддал шуда, об ҳатто зери фарши синфхонаҳоро пур кардааст ва ҷараёни таҳсили беш аз 800 хонандаро бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ намудааст.