Километри 48-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Хатари тармафароӣ афзоиш меёбад

Тармаи бузурге бо паҳноии 500 ва баландиаш 50 метр ҳаракати мошин ва одамонро дар километри 48-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд масдуд кардааст. Дар давоми ду рӯзи ахир хадамоти махсус танҳо 100 метри роҳро тавонистанд аз барф тоза кунанд.