Ҳайати Тоҷикистон аз Узбакистон бо чӣ баргашт?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як ҳайати иборат аз мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва масъулони ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон, ки ҳамроҳи мусофирону хабарнигорон ба Тошканд рафта буданд, шоми 10 феврал ба ватан баргаштанд. Аз ҳосили гуфтугӯи онҳо бо мақомоти “Узбекистон ҳаво йулларӣ” ба хабарнигорон чизе гуфта нашуд ва, қарор аст, ширкати “Сомон Эйр” ба зудӣ дар ин робита бо пахши як изҳорот иттилоъ диҳад.