Натиҷаи таҳқиқи $116 000-и "ҷанҷолӣ" чӣ шуд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон тафтиш ё аудити иҷрои як тарҳи Бунёди Глобалӣ аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро анҷом дода, хулосаашро ба Додситонии кулл фиристодааст. Ин аудит охири соли 2015 ба хотири пайдо кардани ҷавоби инки "116 ҳазор доллар грант ё кумаки билоивази Бунёди Глобалӣ ба Кумитаи ҷавонон куҷо шуд?" оғоз ёфта буд.