Дар Афғонистон барфу тарма ҳаёти камаш 119 нафарро аз байн бурд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, барфи рӯзҳои ахир ҳаёти камаш 119 нафарро аз байн бурдааст. Ҳамчунин бар асари тарма, фурӯрезии боми хонаҳо, садамаи мошинҳо ва дигар ҳодисаҳои нохуши марбут бо барф камаш 89 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.