Давлатов: "Таъйини Рустами Эмомалӣ қонунӣ аст"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷумъа Давлатов, мудири Оҷонсии хизмати давлатӣ, мегӯяд, таъйини Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе ба қонунгузории кишвар мухолифат надорад. Ӯ дар ин бора рӯзи 6-уми декабр дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат кард.