Аввалин бастаи ҷӯробҳои як ширкат дар ноҳияи Ёвонро барои фурӯш ба Русия ва Қазоқистон бурданд. Ҳатфсад ҳазор ҷуфт ҷӯроберо, ки дар корхонаи бофандагии ноҳия истеҳсол кардаанд, ба Русия содир карданд ва мақомоти корхона умедворанд, то охири сол то 5 миллион ҷуфт ҷӯробро дар бозорҳои хориҷӣ мефурӯшанд.
Дар корхонаи нассоҷии “Ваҳдат”- и Ёвон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷӯробҳо асосан аз нахи пахта ҳастанд, аз ин рӯ талабгор зиёд доранд. Пахта ҳам истеҳсоли худи Ёвон аст, ки аз бузургтарин ноҳияҳои пунбапарвар дар Тоҷикистон аст, вале корхонаҳои саноатии истеҳсоли либосворӣ кам дорад.
Дар корхона даҳҳо навъи ҷӯроб истеҳсол мешавад ва қисми зиёди онро бо навиштаи «Made in Tajikistan» дар хориҷ мефурӯшанд. Иқтидори корхонаи «Ваҳдат» имкон медиҳад, ки дар як моҳ то як миллион ҷӯроб истеҳсол шавад.
Бобохӯҷа Мирзоев, мушовири ширкати «Ваҳдат» ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи созишномае бо харидоронашон дар Русия имзо кардаанд, қарор аст, дар муддати як сол ба он кишвар то 5 миллион ҷӯроб бифӯрушанд. Вай гуфт, ҷӯробҳои зимистона 1,5 сомонӣ арзиш доранд ва дар Русия ба иловаи боҷи гумрукӣ ҳар як ҷуфт то 25 ё 35 рубли русӣ ба фурӯш меравад.
Корхонаи “Ваҳдат” ду сол пеш ба кор шурӯъ кард ва дар ин муддат беш аз 2,3 миллион адад ҷӯроб истеҳсол карда ва ба Русияву Қазоқистон фурӯхтааст. Дар корхонаи «Ваҳдат» 300 нафар аз сокинони ноҳия ва аксарият занон ба кор ҷалб шудаанд.
Пахта ҳаст, корхонаи нассоҷӣ нест
Тоҷикистон бо вуҷуди истеҳсоли садҳо ҳазор тонна пахта дар як сол корхонаҳои нассоҷӣ кам дорад ва аксаран нахи пахта содир мекунад. Солҳои ахир агарчӣ дар кишвар корхонаҳои хурду миёни нассоҷӣ боз шудаанд, вале содироти маҳсулоти омодаи нассоҷӣ ба мисли ҷӯробу пироҳан ва дигар навъи либос ба хориҷ кам аст.
Муассисаҳои байналмилалии молӣ ба Тоҷикистон тавсия додаанд, ки танҳо ба соҳаи кишоварзӣ такя накунад ва дар пайи гуногунсозии иқтисод бошад. Аз ҷумла бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва ё коркарди меваву сабзавот.
Вале шароити номуносиби сармоягузорӣ ва қатъи пайвастаи нерӯи барқ дар фасли зимистон, аз монеаҳои аслии бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияҳои кишвар ба ҳисоб меравад, дар ноҳияҳое, ки ҷавононаш муштоқи ҷойи кор ҳастанд. Тоҷикистон кишвари умдатан кишоварзист ва яке пахтаву алюминий ду моли бозоргири он ба ҳисоб меравад.