Амрико таҳрими Эронро тавсеа мебахшад

Доналд Трамп

Вазорати молияи Амрико таҳрими иқтисодии Эронро тавсеа мебахшад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, таҳримҳои нав 13 нафар ва 12 ширкати марбут бо Эронро дар бар мегирад. Ин амал посух ба озмоиши мушаки баллистикии Ҷумҳурии Исломӣ ва баҳсҳои лафзии миёни ду кишвар номида шудааст.

Вазорати молияи Амрико таҳрими иқтисодии Эронро тавсеа мебахшад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, таҳримҳои нав 13 нафар ва 12 ширкати марбут бо Эронро дар бар мегирад. Ин амал посух ба озмоиши мушаки баллистикии Ҷумҳурии Исломӣ ва баҳсҳои лафзии миёни ду кишвар номида шудааст.

Таҳримҳо рӯзи 3 феврал дар вебсайти Вазорати молияи Амрико нашр шуда, асосан эрониҳо ва ҳадди ақалл як шаҳрванди Чинро ҳадаф қарор додаанд. Афрод ва ширкатҳои таҳримшуда дар Лубнон, Чин ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҷойгир шудаанд. Ҳафтаи равон Қасри Сафед ҳушдор дода буд, ки озмоиши мушак ва дигар фаъолиятҳои Теҳрон аз назари Вашингтон дур намондаанд.

Чанд соат пеш аз эълони таҳрим президенти Амрико Доналд Трамп изҳор намуд, ки Эрон “бо оташ бозӣ” мекунад. Рӯзи 1 феврал вазири дифои Эрон генерал Ҳусейн Деҳқон тасдиқ кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ озмоиши мушак доир намуд, вале ин мақомдор дар бораи навъи мушак ва замони баргузории озмоиш чизе нагуфт.

Расонаҳо аз нақли мансабдорони Амрико мегӯянд, озмоиши мушаки миёнапарвози баллистикӣ 29 январи имсол сурат гирифта ва вуруди дубораи мушак ба атмосфера номуваффақ буд. Трамп қаблан гуфта буд, ки ё созиши ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳониро барҳам мезанад ва ё Ҷумҳурии Исломиро барои бознигарии созиш водор хоҳад кард. Дар шабакаи Твиттер рӯзи 3 феврал раиси ҷумҳури Амрико навишт, ки Теҳрон “хубиҳо”-и Вашингтонро нодида гирифт.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 3 феврал тавассути Твиттер иброз дошт, ки Эрон аз “таҳдидҳо”-и Амрико хавф надорад ва ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҷанг нахоҳад буд. Дар давраи интихоботи президентии ИМА Трамп бо ишора ба таҳдидҳои Теҳрон дар муқобили Исроил ва дахолати Эрон дар низоъҳои Яману Сурия ваъда дода буд, ки дар муқобили Ҷумҳурии Исломӣ мавқеи шадидтаре хоҳад гирифт.