Афви мақомдорони ришвахӯр Руминияро такон дод
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нобаробарӣ ва адолати ба истилоҳ интихобӣ дар назди қонун, боиси ба хиёбонҳо рехтани садҳо ҳазор нафар дар Руминия шудааст. Аз ҷумла президенти ин кишвар ба мавҷи эътирозҳо пайваста, талаб дорад, ки ҳукумат аз қарори баҳсбарангези раҳоии мансабдорони муттаҳам бо фасод даст кашад.