Тафтишоти норӯшани афсарони идораи истихбороти Русия ё ФСБ, ки ба хиёнат муттаҳам шудаанд, бо маълумоти хабаргузории “Интерфакс” таҳаввулоти тоза пайдо кард. Ин хабаргузорӣ навишт, ду гумонбар дар заминаи ҳамкорӣ бо Созмони истихборотии Амрико ё ЦРУ боздошт шудаанд.
То ҳол ҳеҷ иртиботи рӯшане миёни тафтишот ва он чи ки Идораи амнияти Амрико онро амалиёти мустақим барои таъсир расондан ба интихоботи президентии Амрико унвон кардаст, вуҷуд надорад.
Ин хабар аз кашмакашҳо ва барномаҳои махфӣ дар дохили дастгоҳи тавонманди амнияти Русия дарак медиҳад. Вале дурустии иттилоъ то ҳол тасдиқ нашуда ва ягон мақоми Русия ё идораи ҳифзи тартибот низ ин парванда ва иттиҳоми алайҳи ду ходими идораи амнияти федеролиро шарҳ надодааст.
Маълумот дар бораи парванда ва боздошти ходимони ФСБ аз якчанд нашрияи Русия берун омад. Онҳо бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, эҳтимол боздоштшудаҳо ба рахнагарони иинтернетӣ рабт доранд, ки нухбагони Русияро ҳадаф қарор доданд ва маълумотро дар бораи ҳамла ба сохтори интихоботии Амрико ошкор кардаанд. Ин хабарҳо замоне пайдо шуданд, ки идораи истихборотии Амрико дар аввали моҳи январ гуфт, Русия дар рахна кардани сохтори интернетии Иёлоти Муттаҳида даст дорад ва ин амалро ба хотири кумак ба Доналд Трамп ва шикасти Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ анҷом додааст.
Манобеи махфии матбуот нагуфтаанд, ки иттиҳом алайҳи Сергей Михаилов ва Дмитрий Докучаев ба шикастани серверҳои Ҳизби демократи Амрико рабт дорад, аммо “Новая Газета” ин эҳтимолро соқит намекунад.
Гумонбарҳо кистанд?
То ҳол Михаилов ва Докучаев, танҳо кормандони Идораи амният ҳастанд, ки ҳуввияташон бар пояи манобеи махфии матбуоти Русия ошкор шуд. Хабари боздошти Михаиловро бори аввал нашрияи “Коммерсант” рӯзи 25 январ нашр кард. Ӯ ба ҳайси сардори шӯъбаи амнияти иттилоотии Идораи амнияти федеролии Русия кор кардааст. Ба гуфтаи Андрей Солдатов, рӯзноманигори пажӯҳишгар, ки дар мавриди идораи амниятии Русия навиштаҳои бисёре дорад, Михаилов яке аз “маъруфтарин” мутахассисони амнияти иттилоотӣ (ҳакерӣ) аст.
Михаилов, инчунин, дар қазияи Павел Врублевский, бунёдгузори ширкати пардохти электронӣ - “Кронопей” шоҳиди аслӣ буд, ки соли 2013 ба ҷурми ҳамлаи киберӣ ба ширкатҳои Русия, аз ҷумла ширкати ҳавоии “Аэрофлот” маҳкум шуд. Михаилов дар додгоҳ шаҳодат дод, ки аз Врублевский ва истеъдоди ӯ бохабар аст.
Боздошти Докучаев, ки расонаҳо аз ӯ ба ҳайси корманди Идораи амнияти иттилоотӣ ном мебаранд, бори аввал аз сӯи пойгоҳи хабарии Рамблер санаи 26 январ нашр шуд. Расонаҳои дигари Русия аз Докучаев як рахнагари (ҳакер) собиқ ном мебаранд, ки исми мустаораш Форб буд.
Расонаҳои русӣ боздошти онҳоро ба Руслан Стоянов, мудири ширкати амнияти иттилоотии “Касперский Лаб” рабт медиҳанд. Ин ширкат боздошти Стояновро ба Радиои Озодӣ таъйид кард ва аз ӯ ба ҳайси сардори бахши тафтишотии ин ширкат ном бурд. Нашрияи “Новая Газета” рӯзи 31 январ навишт, ки 6 гумонбар бо шумули Михаилов, Докучаев ва Руслан Стоянов боздошт шудаанд. Иван Павлов, вакили дифои маъруфи рус, ки қаблан аз ҳуқуқи афроди гумонбар дар хиёнат дифоъ мекард, ба нашрияи “Коммерсант” гуфт, тафтишот бештар аз ду нафарро ҷалб кардааст, ки як аз онҳо муштарии ӯст. Павлов ишора кард, ки гумонбарон моҳи декабр боздошт шуданд, вале фаротар аз ин нарафт.
Врублевский, ҳамчунин, миёни элитаи рақамии Русия соҳибкори муваффақ ва як нафари намоён муаррифӣ мешавад. Китоби Браян Кребс, журналисти пажӯҳишгари Амрико, бархе аз шабакаҳои ҷиноии Русияро дар бар мегирад, ки дар рахнагарӣ ба имейлҳо ва интернет ширкат кардаанд. Ин китоб соли 2014 нашр шуд. Кребс рӯзи 29 январ дар “Blog post” навишт, ки китоби ӯ дар асоси имейлҳои расида аз ширкати Врублевский навишта шудааст.
Врублевский ҳамчунин ба Кребс гуфтааст, ки бовар дорад ин имейлҳоро Михаилов дуздида фиристодааст. Ба гуфтаи Кребс, Врублевский мӯътақид буд, ки Михаилов иттилооти ҳассосро ба идораи истихбороти Амрико фиристодааст.
Онҳо ба чӣ муттаҳам мешаванд?
Мақомоти Русия то ҳол иттиҳомро расман эълон накардаанд, аммо ахиран хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба вакили рус Иван Павлов навишт, Михаилов ва Докучаев ба хиёнат муттаҳам шуданд. Нашрияи “Коммерсант” аз қавли Павлов навиштааст, гумонбарони ин парванда ба ифшои сирри давлатӣ муттаҳам шудаанд.
“Интерфакс” аз қавли як манбаи худ навиштааст, Михаилов ва Докучаев “ба нақзи савганд ва ҳамкорӣ бо Идораи марказии истихборотии Амрико” гумонбар шудаанд. Ин манбаъ, инчунин, гуфтааст, дар маҷмӯъ чор нафар ба ҳамин далел расман муттаҳам ва чандин ҳамдасти эҳтимолии дигар низ шиносоӣ шудаанд.
Оё ин қазия ба интихоботи Амрико рабт дорад?
То ҳол ҳеҷ иртиботи рӯшане миёни тафтишот ва он чи ки Идораи амнияти Амрико онро амалиёти мустақим барои таъсир расондан ба интихоботи президентии Амрико унвон кардаст, вуҷуд надорад. Аммо “Новая Газета” ҳафтаи гузашта аз қавли манобеи махфияш навишта буд, Михаилов ба ин муттаҳам мешавад, ки дар бораи “Кинг Серверс”, ширкати Владимир Фоменко, шаҳрванди Русия, ба идораи амниятии Амрико маълумот додааст.
Ин ширкат ҳамчун як платформа барои ҳамла ба интихобот дар иёлоти Аризона ва Иллинойс истифода шудааст. Фоменко ҳама гуна иртиботро бо омилони ин ҳамла рад мекунад. “Новая Газета” навиштааст, Фоменко барои Врублевский, соҳиби “Кронопей”, ки Михаилов алайҳи ӯ шоҳидӣ дод, дар системаи компютерии худ ҷой фароҳам кардааст.
Солдатов илова кард, ки “агар дар айбномаи онҳо чизи воқеан марбут бо хиёнат бошад, ба назарам он ба додани маълумот дар бораи рахнагарӣ ба сервери Ҳизби Демократи Амрико рабт мегирад
То кунун касе иддао накардааст, ки гумонбарон дар бораи рахна кардани созмонҳои сиёсии Амрико, ба мисли Кумитаи Ҳизби демократ, иттилои қобили эътимод дода бошанд. Кремл даст доштан дар ҳамлаи ҳакериро рад кардааст. Ин аст, ки ҳама чиз ториктар мешавад.
Гузоришҳои таъйидношуда Михаиловро ба ҳамлаи гурӯҳии ҳакерии норӯшан, ки дар русӣ онро “Шалтай Болтай” мегӯянд, рабт медиҳанд, ки имейлҳо ва матнҳои дуздидашудаи мақомоти баландпояи Русия ва соҳибкоронро нашр кардааст. Хабаргузории “Росбалт” ба нақл аз як манбаи худ навишт, ки Владимир Аникиев, тарроҳи “Шалтай-Балтай, ба муфаттишон гуфтааст, Михаилов ба гурӯҳи онҳо шомил буд. “Росбалт”-ро Наталя Черкесова, ҳамсари Виктор Черкесов, корманди собиқи идораи амниятии Шӯравӣ ва Русия ва раҳбари пешини оҷонсии федералии мубориза бар зидди маводи мухаддир таъсис додааст.
Ин хабаргузорӣ зуд-зуд аз қавли манбаъҳои махфии худ дар идораи амниятии Русия матлаб нашр мекунад. Аммо, вакил Павлов рӯзи 31 январ ба вебсайти Рамблер гуфт, ӯ бо ҷузъиёти тафтишот ошно буд ва то ҷое медонад, ин қазия бо “Шалтай-Болтай” коре надорад.
Дар ин миён рӯзноманигори пажуҳишгар Андрей Солдатов ба нашрияи “Гардиан” гуфт, ки маълумот дар бораи дастаи ҳакерҳо кӯшиши номуваффақи рӯпӯш намудани қазияи воқеӣ аст. Михаилов ва Стоянов дар соҳаи рушди пинҳонии соҳаи диҷитали Русия воқеан мутахассис буданд, вале на дар соҳае, ки “Шалтай Болтай” ба он машҳур буд. Солдатов илова кард, ки “агар дар айбномаи онҳо чизи воқеан марбут бо хиёнат бошад, ба назарам он ба додани маълумот дар бораи рахнагарӣ ба сервери Ҳизби Демократи Амрико рабт мегирад.”