Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли 2016 чанд осоишгоҳ бо шумули истироҳатгоҳҳои машҳури "Шоҳамбарӣ" ва "Зумрад" хусусӣ карда шуданд. Анвар Наҷмиддинзода, муовини раиси кумита 30-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки имсол хусусисозии осоишгоҳи бузурги "Хоҷа Оби гарм", ки моликияти давлат аст, дар назар гирифта шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корхонаи бузурги тавлиди сементи шаҳри Душанбе, мавсум ба "Тоҷиксемент" низ бояд хусусӣ карда шавад.
Аз Анвар Наҷмиддинзода дар бораи сарнавишти корхонаи дӯзандагии “Гулистон” пурсиданд, ки моликияти Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон буд. Муовини вазир гуфт, ки “Гулистон”, ки мусодира ва моли давлат карда шуд, ба фурӯш гузошта шудааст.
"Аммо, дар ҷараёни ду музояда дар охири соли гузашта ва дар аввали моҳи январ ҳеҷ тоҷире барои харидории ин корхона таваҷҷӯҳ накард" – гуфт, Анвар Наҷмиддинзода. Ба иттилои вай, феълан дар Тоҷикистон 121 корхонаи давлатӣ вуҷуд дорад, ки ҳамаи саҳмияҳояшон дар ихтиёри давлат аст.
Дар ҷараёни ду музояда ҳеҷ тоҷире барои харидории ин корхона таваҷҷӯҳ накард.
Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон эълон кардааст, ки 100 дар сади саҳмияҳои корхона фурӯхта мешавад. Корхонаи “Гулистон” қаблан ба истеҳсоли шиму либосҳои “ҷинс” машғул буд ва маҳсулоташро ба кишварҳои Аврупо содир мекард. Аммо баъди мусодираи он ба нафъи давлат, корхона аз фаъолият монд.
Анвар Наҷмиддинзода, зимни нишасти хабарӣ дар бораи идомаи ҷараёни хусусисозӣ сӯҳбат кард ва афзуд, ки ҳанӯз ҳам, 121 корхонаи хурду бузургу давлатӣ боқӣ мондааст. Иқтисоддонҳо шеваи хусусӣ кардани корхонаҳои давлатиро то кунун ношаффоф номидаанд ва мегӯянд, умедворанд, таҷрибаи солҳои пеш такрор намешавад.
“Ҳоло ҳукумат мехоҳад муассисаҳо ва корхонаҳои боқимондаи давлатиро хусусӣ гардонад ва умед дорам, ки мақомот дар ин раванд аз таҷрибаи солҳои гузашта сабақ бардошта, музоядаҳоро ончунон баргузор мекунад, ки касе натавонад онҳоро дар қоидавайронкунӣ муттаҳам кунад.” - гуфт Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони тоҷик.
Масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар натиҷаи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар соли 2016, сармоягузории бахши хусусӣ дар кишвар 30 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Нигина Анварӣ, муовини дигари раҳбари ин кумита, дар 9 моҳи соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон 695 миллион доллари сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи як соли пеш 15,8 дарсад бештар будааст.