Раиси нави Оҷонсии зидди фасод корро аз чӣ сар мекунад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сулаймон Султонзода – раиси нави Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон – гуфт, корро аз омӯзиши қонун ва санадҳои муҳим оғоз кардааст. Ӯ рӯзи 27 январ дар ҷавоб ба суоли инки оё дар ин ниҳод тағйирот сурат хоҳад гирифт ё не, гуфт, “вазифаи раҳбар ин нест, ки дарҳол одамонро таъин ё аз вазифаашон бигирад. Кор мекунем ва агар касе аз ӯҳдаи вазифааш набаромад, он вақт тағйирот хоҳад шуд.” Сулаймон Султонзода ҳафтаи гузашта раиси Оҷонсии зидди фасод таъин гардид. Қаблан раҳбарии ин ниҳодро Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бар ӯҳда дошт.