Се пешниҳоди Душанбе ба Тошканд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷониби Тоҷикистон ба Узбакистон дар мавриди ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан се пешниҳод фиристода ва мунтазири посух нишастааст. Усмон Қаландарзода – муовини раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон – рӯзи 24 январ гуфт, ду пешниҳоди аввал аз фаъол кардани роҳи Ғалаба-Амузанг-Хатлон ва сабукӣ барои ҳаракати вагонҳои боркаш иборат аст. “Инчунин, пешниҳод шуд, роҳи қаторҳои мусофирбаре, ки аз ҳудуди Узбакистон мегузарад, кӯтоҳтар карда шавад”, - афзуд ӯ.