Оё лимити барқ моли "таърих" мешавад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Лимит ва ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинони Тоҷикистон сар аз 14 январи соли 2017 ва дар пайи муроҷиати раиси ҷумҳур, бекор карда шуд. Ҳодисае, ки мардум онро "таърихӣ" номиданд. Аммо таърихи маҳдудияти барқ барои сокинон ба 23 соли пеш бармегардад.