Барои Душанбе "Генплан"-и нав таҳия шудааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон аз таҳияи Нақшаи нави генералӣ ё "Генплан" дар шаҳри Душанбе хабар доданд. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин тарҳ омода аст ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст.