Камбуди замин - мушкили рақами 1-и Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Агар кулли аризаву муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба унвонии мақомоти маҳалҳояшон як баста тасаввур кунем, ҳудуди 80 дар сади онҳо ба даъвои сари порчаи замин марбут будааст. Масъалаи дастрасӣ ба замин “дар Тоҷикистони камзамин” сол то сол ба мушкили рақами як табдил меёбад ва доғтар мешавад.