Ҷониби Русия гуфт, барои азсаргирии музокирот бо Тоҷикистон омодааст

Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия

Максим Соколов – вазири нақлиёти Русия – аз омодагии Маскав барои музокирот бо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон хабар дод. Вай рӯзи ҷумъа дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки ният надоранд, моҷарои ҳавоӣ аз ин амиқтар шавад. "Ҳамтоёни тоҷики мо мехоҳанд, даври нави музокиротро баргузор кунанд. Нишасти охирин моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта буд. Мо омодаем, ки ин гуфтугӯро ҳатто фардо баргузор кунем", - таъкид кард ӯ.

Қарор аст, то охири моҳи январи имсол дар Душанбе нишасти Кумисюни байнидавлатии Тоҷикистону Русия баргузор шавад.

Вазири нақлиёти Русия гуфт, ният надоранд, дар парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон маҳдудияти бештар ҷорӣ шавад, вале афзуд, «талаботи протоколи моҳи ноябри соли гузашта бояд иҷро гардад». Моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия тақрибан як моҳ боз идома дорад.

Русия дар парвози ҳавопаймоҳои "Сомон-Эйр" ба минтақаҳои он кишвар маҳдудият ҷорӣ кардааст

Ин баҳс баъди он бархост, ки Тоҷикистон дар охири соли гузашта ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, дар протоколи танзими парвозҳое, ки рӯзи 7 ноябри соли гузашта дар Маскав имзо шуда буд, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст.

Аммо Вазорати нақлиёти Русия инро рад карда, рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург, қатъ намуд.

Қарор аст, то охири моҳи январи имсол дар Душанбе нишасти Кумисюни байнидавлатии Тоҷикистону Русия баргузор шавад. Як манбаи муътамад ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишаст масъалаи парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи “Жуковский”, бахусус ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” ба Душанбеву Хуҷанд низ баррасӣ хоҳад шуд. Вазири нақлиёти Русия низ ин эҳтимолро сарфи назар накардааст.

Шералӣ Ганҷалзода

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки ба ҷониби Русия пешниҳод шудааст, то музокироти навбатӣ барои ҳалли мушкили танзими парвозҳо дар Душанбе баргузор шавад. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки то ҳол вазорати нақлиёти Русия ба ин пешниҳод посух надодааст.

Оқои Ганҷалзода гуфт, мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар заминаи анҷоми парвозҳои ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд побарҷо буда ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон пойфишорӣ мекунад, то ин парвозҳо бар асоси усули паритет ё баробарӣ сурат бигирад.

Дар ҳоле, ки то ҳанӯз дар мавриди таърихи баргузории музокироти ҳайатҳои Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тавофуқи усулӣ ба даст наомадааст, Андрей Дубров, мудири тиҷоратии ширкати “Ямал” ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, бовар дорад, то 15 январи соли ҷорӣ парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд шурӯъ хоҳад шуд.

Тоҷикистон фақат ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла, ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвоз дошт, ки аз чандтоаш маҳрум шуд. Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад. “Уралские авиалинии”, “ЮтЭйр” ва “Сибирские авиалинии” аз ширкатҳои русианд, ки дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ҳузур доранд. Қимати билети ширкатҳои русӣ дар баробари қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, масалан аз Санкт-Петербург ба Душанбе то 3 ҳазор рубл арзонтар будааст.