Мусовии Тоҷикистон бо Эстония дар мусобиқаи Гранаткин

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин бозии севумашро дар гурӯҳи «А» рӯзи 12 январ дар Санкт-Петербург бо мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ба голи эстониҳо (дақиқаи 45-ум), Шериддин Бобоев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 63-юм, бо гол посух дод.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Эстония – 1:1

Голҳо: Марко Липп, 45 (0:1). Шериддин Бобоев, 63 (1:1).

Тоҷикистон: Далер Азизов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Умарҷон Шарифов (Шаҳром Самиев, 52), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Сафаров, Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), Хейнмаа Фредди, Артём Давидов, Марккус Сеппик, Расмус Саар, Маркус Поом, Ингмар Кристер Паплавскис, Артём Островский (Эстония).

Сардовар: Кирилл Силантев (Русия).

12 январ. Санкт-Петербург. МВК «Петербургский». 400 тамошобин.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур дар нахустин бозиаш бар мунтахаби Юнон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голро Эҳсони Панҷшанбе аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар дақиқаи 55-ум ба ҳадаф расонд. Вале футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ аз мунтахаби Булғористон бо ҳисоби 0:1 мағлуб гаштанд.

Тақдири ду роҳхат ба даври чорякниҳоӣ дар бозии охирини сабқати гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Юнон ва Булғористон, ки 12 январ барпо гардид, ҳал шуд. Юнониҳо бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омаданд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “А” мунтахаби Юнон бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Булғористон бо 4 имтиёз дувум шуд. Тоҷикистон низ чор имтиёз гирифт, вале бо назардошти бозӣ миёни ҳарду, мунтахаби Тоҷикистон баъди Булғористон дар зинаи севум ҷойгир шуд. Этония бо ду имтиёз ҷойи охиринро соҳиб гашт.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Юнон

3

2

0

1

8-1

6

2

Булғористон

3

1

1

1

1-4

4

3

Тоҷикистон

3

1

1

1

2-2

4

4

Эстония

3

0

2

1

1-5

2

Ҳамин тариқ, дастаҳои Юнон ва Булғористон, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд, муборизаро барои ҷоизаҳои мусобиқа идома медиҳанд. Вале дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония барои ҷойҳои 9-16-ум талош мекунанд.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар марҳилаи дувуми мусобиқа рӯзи шанбеи 14-уми январ бо дастаи Беларус, ки дар гурӯҳи “В” бо як имтиёз ҷойи охиринро гирифт, вориди рақобат мешаванд.

Дар гурӯҳи “В” дастаи Русия, ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Латвия бо 4 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар ду гурӯҳи дигар – “С” ва “D” - бозиҳои даври охирин имрӯз, 13 январ, баргузор мешаванд.

Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия то рӯзи 21-уми январ идома хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, 18 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба ҷуз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дастаҳои Русия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Беларус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, инчунин тими шаҳри Санкт-Петербург иштирок доранд. Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим шудааст.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол мекунанд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил медиҳанд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро мегиранд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош хоҳанд кард. Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад.

Мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин
Ҳайатҳои гурӯҳҳо:
Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Юнон, Булғористон, Эстония.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Беларус, Русия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт–Петербург, Эрон.

Тақвими бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:
8 январ (якшанбе)
Тоҷикистон – Юнон – 1:0
Булғористон – Эстония - 0:0
Латвия – Беларус - 2:2
Русия – Ҳиндустон – 8:0

9 январ (душанбе)
Литва – Озарбойҷон – 2:1
Словакия – Қазоқистон – 0:0
Молдова – Словения – 0:0
Санкт-Петербург – Эрон – 2:1

10 январ (сешанбе)
Эстония – Юнон – 0:4
Булғористон – Тоҷикистон – 1:0
Ҳиндустон – Беларус – 1:0
Русия – Латвия – 1:0

11 январ (чоршанбе)
Қазоқистон – Озарбойҷон – 2:2
Словакия – Литва – 0:0
Эрон – Словения – 1:1
Санкт-Петербург – Молдова – 3:0

12 январ (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Эстония – 1:1
Юнон – Булғористон - 4:0
Латвия – Ҳиндустон – 4:1
Беларус – Русия – 0:3

13 январ (ҷумъа)
14:00 – Литва – Қазоқистон
16:15 – Озарбойҷон – Словакия
18:30 – Молдова – Эрон
21:00 – Словения – Санкт-Петербург

14 январ (шанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум

18:30Тоҷикистон – Беларус

21:00 – Ҳиндустон – Эстония

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе