Чаро Тоҷикистон додани иҷозатномаҳоро қатъ карда буд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон се сол боз додани иҷозатномаи фаъолият дар конҳои кишварро мутаваққиф кардаанд. Мурод Хол - сардори Саридораи геологияи тоҷик - рӯзи 10 январ гуфт, ин тасмим ба фиребкории баъзе ширкатҳои хориҷии, ба қавли ӯ, “беномус” рабт дорад.