Варзишгарони беҳтарини сол ҷоиза гирифтанд. ВИДЕО

Маросими тақдими ҷоизаҳо ба даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2016.

Ба даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2016, ки аз тарафи Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиш интихоб шудаанд, ҷоизаҳо супурда шуд. Ин маросим рӯзи 10 январ дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор гардид. Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ, гуфт, дар ин сол Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷоизаи даҳ варзишгари тоҷик

Дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мақоми дувум қарор гирифт.

"Ин аввалин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мебошад. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло дар байни 207 кишвар ҷойи 54-умро гирифт, ки ин натиҷа нисбат ба Олимпиадаи пешин дар Лондон 25 зина болост», - афзуд Баҳрулло Раҷабалиев.

Ба итилои ӯ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, ки моҳи ноябри соли гузашта дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа – барпо гардид, барои аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ бо ҷоизаи ANOC сарфароз шудааст.

Дар ин маросим Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, гуфт, ки даҳ варзишгари беҳтарини солро беш аз 70 журналисти риштаи варзиши нашрияву хабаргузориҳо ва телевизиону радио тавассути пурсиш муайян карданд. Вай афзуд, “бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол дониста шуд.”

Дилшод Назаров, ки дар ин маросим бо ҷому диплом ва ҷоизаи молӣ сарфароз гашт, гуфт, «сипос аз ҳамаи хабарнигороне, ки ба ман раъй доданд. Аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ҳиссааш дар рушди варзиш дар кишварамон сипосгузорам. Ба варзишгарони тоҷик барои амалӣ шудани нақшаҳояшон барори кор ва муваффақият мехоҳам.»

Комроншоҳи Устопириён

Дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мақоми дувум қарор гирифт. Ӯ порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо дар вазни 90 кило дар шаҳри Тошканди Узбакистон бо медали тилло мукофотонида шуд. Зимнан, Комроншоҳ аввалин гуштигири тоҷик аст, ки ба унвони қаҳрамони Осиё оид ба ин намуди олимпии варзиш даст ёфтаст. Вай, инчунин, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуда буд. Ба ҷуз ҷудо, Комроншоҳ дар риштаи самбо низ соли гузашта дастоварди хуб дорад. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки соли 2016 дар мусобиқаи ҷаҳонии литсензионӣ дар вазни 60 кг дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷойи дуюмро гирифт, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шуд. Ӯдар феҳристи АЖРВТ дар мақоми севум ҷой гирифтааст. Комроншоҳи Устопириён ва Анвар Юнусов бо ҷому диплом ва ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд.

Анвар Юнусов

Варзишгароне, ки ба даҳгонаи беҳтаринҳо дар соли 2016 дохил шуданд, инчунин бо ҷому дипломҳои Кумитаи миллии олимпӣ ва Ассотсиатсияи журналистони варзиши Тоҷикистон сарфароз гаштанд:

Ҳамроз РАҶАБОВ (самбо) - ҷойи аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 74 кг дар шаҳри Ишқободи Туркманистон, ҷойи сеюм дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон;

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) – ҷойи дуюм дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 73 кг ва ҷойи севум дар мусобиқаи интихобии қитъавӣ дар шаҳри Манилаи Филиппин;

Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ) – ҷойи дуюм дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр, ҷойи сеюм дар каноэи яккаса ба масофаи 500 метр ва ҷойи сеюм дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр дар Ҷоми Осиё дар шаҳри Самарқанди Узбакистон;

Моҳрӯ Ҳалимова

Фаррух АМОНАТОВ (шоҳмот) – ҷойи аввал дар Ҷоми Авруосиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ва ғолиби ду мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Таганроги Русия ва Тошканди Узбакистон;

Зӯҳро ХОЛОВА (кикбоксинг) – қаҳрамони Осиё дар вазни 52 кг дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ;

Вера СЕМАШКО (кӯҳнавардӣ) - қуллаи баландтарини Тоҷикистон - Исмоили Сомониро, ки баландиаш 7495 метр аст, дар байни бонувони кишвар аввалин шуда фатҳ кардааст;

Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (ҷудо) – ҷойҳои аввал дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар вазни 81 кг дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон, Макаои Чин ва Ҳонконг, ҷойи дуюм дар Бозиҳои VI байнулмилалии варзишии “Бачагони Осиё” дар шаҳри Якутски Русия, ҷойи сеюм дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон.

Дар ин маросим, инчунин, паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016) дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар гурӯҳи М2 (35-39-сола) медали тилло ба даст овард, бо ҷому диплом ва ҷоизаи молии Кумитаи миллии олимпӣ ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон мукофотонида шуд.