Пешниҳоди интихоби "алтернативӣ"-и раисони ҷамоатҳо

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қосими Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал рӯзи сешанбеи 10 январ дар ҷараёни нахустин нишасти хабарии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт, ки барои иҷрои ҳадафҳои ин кумита ва ҳалли бештаре аз масоили шаҳраку деҳоти Тоҷикистон, вазифаи раиси ҷамоатҳо дар кишвар бояд интихоботӣ бошад.