Хотираҳои консули собиқи Тоҷикистон аз Рафсанҷонӣ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳомид Саидов – консули собиқи Тоҷикистон дар Теҳрон – хотираҳояшро аз Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон баён дошт. Ӯ гуфт, оқои Рафсанҷонӣ аз ҷумлаи касоне буд, ки барои аввалин бор дар сиёсати хориҷии Эрон “рахна ба вуҷуд овард”. “Яъне, касе буд, ки гуфт, биёед таблиғоти сахти исломӣ ва ё экспорти инқилоби исломиро бас кунем. Ба ҷойи ин кор кунем”, - афзуд Ҳомид Саидов. Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ шоми 8 январ бар асари сактаи қалбӣ дар Теҳрон даргузашт.