Дар пайи тирпаронӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Форт-Лодердейли иёлати Флорида панҷ нафар кушта ва ҳадди ақалл ҳашт нафар бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Иллатҳои тирпаронӣ маълум нест, вале расонаҳои Амрико бо такя ба қавли пулис гуфтанд, як нафари гумонбар боздошт шудааст. Дар оғоз гуфта мешуд, дар ин ҳодиса се нафар ҷон бохтанд.
Намояндагони фурудгоҳ гуфтаанд, ҳодиса дар бахши дарёфти бағоч ё ҷомандонҳо дар терминали ду сурат гирифтааст. Наворҳо аз ин фурудгоҳ нишон медиҳанд, ки мусофирон дар ҳоли гурез ҳастанд. Вале манобеи расмӣ гуфтанд, фаъолияти фурудгоҳ баъд аз соате аз ин ҳодиса оғоз шудааст ва парвозҳо таҳти чораҳои шадиди амниятӣ анҷом мегиранд.
Телевизиони NBC хабар дод, ки Ари Флейшер – сухангӯи Кохи Сафед дар замони раёсати Ҷорҷ Буш – шоҳиди ҳодиса будааст. Ӯ дар саҳифаи Тивттераш навиштааст, дар оғоз мусофирон ба таҳлука афтоданд ва феълан вазъият ором аст. Аммо, ба қавли ӯ, ҳанӯз дар терминали ду, маҳалли тирпаронӣ, ҳолати фавқулода ҷорист.
Шаҳри саёҳатии Форт-Лодердейл дар миёни Майами ва Вэст-Палм-Бич воқеъ буда, бо 170 ҳазор аҳолӣ ҳар сол миллионҳо ҷаҳонгардро қабулу гусел мекунад.
Дар сурати ба даст омадани ҷузъиёти бештар дар инҷо нашр хоҳем кард.