Занозании наврасон дар Душанбе бо марги ду нафар анҷомид
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бар асари занозанӣ миёни хонандагони мактабҳои шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду мактабхон кушта шудаанд. Ба иттилои мақомот, ҳодисаи занозанӣ миёни мактабхонҳо шаби 2 ба 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои воқеъ дар маҳаллаи 103, наздик ба Донишкадаи ҳарбӣ, рух додааст.