Дилшод Назаров: Шӯҳрат маро фориғбол накард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дилшод Назаров, гурзандози маъруф, бо дарёфти медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио де-Жанейро яке аз чеҳраҳои намоёни соли 2016 дар Тоҷикистон буд. Ӯ рӯзи 31 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин медали тиллои олимпӣ ба шӯҳрати ӯ афзуд, вале, ба қавли мардум, «аз худ бехуд накардааст».