Дар посух ба ихроҷи 35 дипломати рус аз Амрико, мақомоти Русия амр доданд, Мактаби англисӣ-амрикоӣ ҷойи таҳсили фарзандони тамоми дипломатҳои Амрико, Бритониё ва Канадаро баста шавад. Телевизиони СИ ЭН ЭН дар ин бора гузориш дод.
Дар ин мактабҳо ҳамчунин фарзандони хориҷиёне, ки таҳсил мекунанд, ки дар Маскав кору зиндагӣ доранд. Мақомоти Русия пешниҳод кардаанд, осоишгоҳи Серебярнний Бор, ки дар як ҷангалзори канори Маскав воқеъ аст, ба рӯи дипломатҳои амрикоӣ баста шавад. Дар ин осоишгоҳ асосан дипломатҳои Амрико ва хонаводаҳояшон истироҳат мекунанд.
Рӯзе аз ин пештар, шаби 29 декабр ҳукумати Амрико ба 35 дипломати рус амр дод, ки Иёлоти Муттаҳидаро дар муддати 72 соат тарк кунанд. Ҳамчунин алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорй кард. Рӯзи 29-уми декабр, Хадамоти федероли таҳқиқоти Амрико, FBI ва вазорати амнияти дохилӣ гузоришеро дар бораи рахнаи шабакаҳои амрикоӣ дар замони интихоботи раёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида нашр кард. Дар ин гузориш омадааст, ки хадамоти ҷосусии Русия дар ин ҳамлаҳо даст доранд.
Бар асоси ин гузориш рахнагарони интернетӣ бо ҳадафи дуздии иттилоот ба шабакаҳои ҳукуматӣ, бахши маориф ва дигар зербунёдҳои Амрико ҳамла кардаанд. Дар гузориш ҳамчунин номи махзани иттилооти як ҳизби Амрико дар солҳои 2015-2016 зикр шудааст, ки рахнагарони рус ба онҳо дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар замони интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико Ҳизби демократ мегуфт, ки рахнаи шабакаҳои иттилооти онҳо кори дасти Русия аст, ҳарчанд Маскав ин иддаоро рад мекунад.
Баъди ин ҳама Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ин амалкардҳои Русияро бепосух намемонад. Бар изофаи ихроҷи 35 дипломати рус, Амрико ҳамчунин рӯзи 29-уми декабр, фаъолияти ду намояндагии дипломатии Русия дар Мэриленд ва Ню-Йоркро, ки ба гуфтаи мақомоти Иёлоти Муттаҳида бо ҳадафи ҷамъоварии истихборот истифода мешуданд, низ манъ кард. Таҳримҳо ба мансабдорони дигар аз панҷ муассисаи Русия, бо шумули Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ) таъсир хоҳанд дошт.
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, "ин иқдом дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ" сурат гирифта ва ваъда дод, ки ба зудӣ гузориш дар бораи дахолати Русия ба ҷараёни интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаро ба Конгресс пешниҳод хоҳанд кард. Ӯ афзуд, "ҳамаи амрикоиҳо бояд нисбат ба иқдомоти Русия ҳушёр бошанд. Афзун бар ин, дар тӯли як соли гузашта дипломатҳои мо дар Маскав мавриди ҳуҷуми ғайри қобили қабули хадамоти амниятӣ ва пулиси Русия шуданд."
Хадамоти истихборот мегӯяд, рахнагарии имейлҳои Ҳизби демократ ва ошкор кардани муҳтавои онҳо ба хотири пирӯзии номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва бар зарари Ҳилларӣ Клинтон анҷом шуд. Русия ин иттиҳомотро рад кардааст.
Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп, сарфи назар аз далелҳои истихборотӣ, дахолати Русияро ба умури интихоботи Амрико зери суол бурдааст.
Қаблан сенаторҳои ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ва Линси Граҳам ва сенатори демократ Эми Клобушар, ки сафареро дар кишварҳои Балтик, Украина ва Гурҷистон анҷом медиҳанд, гуфтанд, ки дар заминаи рахнагарӣ Русия бояд посухи ҷиддии Амрикоро интизор бошад. Граҳам рӯзи 28 декабр гуфт, "ба назари ман, аз сад 99 сенатори Амрико бовар дорад, ки Русия ин корро кардааст ва мо дар баробари ин хомӯш намемонем."
Ӯ гуфт, Русия талош дорад, камари демократияро дар ҷаҳон бишканад, аммо ҳоло Русия бояд ин воқеиятро дарк кунад, ки дигар бас аст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова рӯзи 28 декабр дар бораи таҳримҳои ҷавобии Амрико ба рахнагарӣ гуфт, Русия ба ҳамагуна тадобир посухи ҳамсанг хоҳад дод.