Соли 2016 дар заминаи афзоиши хушунати хонаводагӣ, худкушии занон ва шеваҳои гӯшношуниди падруд бо зиндагӣ дар вилояти Хатлон фоҷиабор будааст. Дар ин минтақаи ҷанубии Тоҷикистон, ки беш аз 3 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, чанд ҳолати худкушӣ мардумро такон дод ва то дергоҳ вирди забонҳо буд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки сарнавишти парвандаҳои худкушӣ чӣ шуд ва додгоҳ киро кунаҳкор эълон кард?
Мақомоти расмии Хатлон мегӯянд, ки дар ним соли 2016 беш аз 20 ҳолати худкушӣ сабт шудааст.
Худкушии пурсарусадои Зӯҳро Маҳмуродова, сокини деҳаи Қибили шаҳри Норак, ки бо худ чаҳор фарзанди ноболиғашро ба дарёи Вахш афканд, ҷомеаи Тоҷикистонро дар соли 2016 такон дод ва аз мавзӯи доғу пурбаҳс гардид. Зӯҳро, ки бо хонаводаи шавҳараш мушкилот доштааст, барои қасос аз ҳамсар ва хонаводаи ӯ чаҳор фарзандашро низ аз зиндагӣ маҳрум кард. Ин ҳодиса 5 феврали соли 2016 рух дод. Рӯзи дигар сокинони деҳа якбора панҷ ҷасадро дар хок гузоштанд.
Бо онки таҳқиқи пешакии қазия дар додситонӣ хонаводаи шавҳари Зӯҳро ва атрофиёнро дар марги ӯ муттаҳам кард, вале дар ниҳояти амр Додгоҳи шаҳри Норак духтари ноболиғи ин хонадон, Моҳира Холоваи 17-соларо барои ба худкушӣ расондани ҳамсари бародараш ва кушта шудани чаҳор фарзанди ӯ гунаҳкор эълон кард.
Мақомоти додгоҳ гуфтанд, гӯё ин духтари ноболиғ ҳамсари бародараш Зӯҳро Маҳмуродоваро бо ҷангу ҷидол ба афсурдаҳолӣ ва сипас ба худкушӣ расондааст. Додгоҳ Моҳира Холоваро дар асоси моддаи 109, қисми яки Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҷрим ва ба 140 соат корҳои ҳатмӣ маҳкум кард. Холоваи 17-сола, ки дар толори додгоҳ изҳори пушаймонӣ кард, рӯзона на камтар аз 3 соат ба корҳои ҳатмӣ ҷалб мешавад.
Наздикони Зӯҳро Маҳмуродова аз ҷавобгарӣ озод шудани бузургсолони хонадон ва дар миён кашидани пойи як духтари ноболиғро беадолатӣ ва беэътиноӣ нисбат ба марги панҷ нафар медонанд. Ба бовари онҳо, гунаҳкорони аслӣ, ки ин ҷавонзанро ба марг расондаанд, муҷозот нашудаанд.
Зулхумор Шерова, модари Зӯҳро Маҳмуродова, рӯзи 27 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки дар ин ҳодиса хушдоман ва чанд хоҳари шавҳараш айбдоранд, вале танҳо як ноболиғ ҷазо гирифтааст. Зулхумор Шерова гуфт, “духтари ман зери замин рафт, вале ҳеҷ кас ҷазо нагирифт. Одам бе ҳеҷ гуноҳ худкушӣ намекунад. Гунаҳкорҳо дар озодӣ ҳастанд. Ҳамон шаб хоҳаршӯ ва хушдоманаш духтарамро зада будаанд.”
Аммо хонаводаи шавҳари Зӯҳро Маҳмуродова танҳо дар сӯҳбати кӯтоҳе гуфтанд, ки қонун омилини ҷазоро дар ин ҳодисаро муайян кардааст ва онҳо ҳарфе дар ин замина надоранд. Куштори Зӯҳро Маҳмуродова нусхаи ду ҳолати худкушӣ дар соли 2015 буд, ки бо ҳамин шева, яъне худкушӣ бо кӯдакони ноболиғ, ҷараён гирифт.
Саломат Пирова, модари 23-сола аз ҷамоати деҳоти “Киров”-и ноҳияи Вахш, рӯзи 21 сентябр як хонаи похсагиеро, ки онҷо зиндагӣ мекард, оташ зад ва сипас худ ва чаҳор кӯдакашро ба дарёи Вахш партофт. Дар натиҷа, кӯдакон фавтида ва модар зинда аз об раҳо шуд. Мақомот баъди як ҳафта Саломат Пироваро бемори равонӣ унвон карданд.
Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон, худро бо се фарзанди ноболиғаш – Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвиддини 7-сола – рӯзи 5 июли соли 2015 дар дарёи Душанбе партофта ва дар натиҷа кӯдакон фавтида ва худаш зинда монд. Додгоҳ рӯзи 9 октябри соли гузашта Парвина Абдуллоеваро бар асоси “куштори огаҳонаи ду ё зиёда аз он” барои 18 сол равонаи зиндон кард.
Райҳона Ҳақбердиева, роҳбари созмони иҷтимоии “Дилафрӯз” дар Хатлон, ки бо занони хушунатдида фаъолият мебарад, гуфт, мавридҳои худкушӣ ҳамроҳ бо кӯдакон шояд ба хотири қасос гирифтан аз онҳоест, ки хушунату зӯровариро ба ин занҳо раво дидаанд. Фаррухи Хатлонӣ, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, аксар худкушиҳое, ки дар Тоҷикистон рух медиҳанд, ҷанбаи иҷтимоӣ доранд.
“Чанд ҳолате, ки дар шаҳри Нораку Вахш ва ноҳияи Ёвон буд, бисёр нигаронкунанда аст. Бояд мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ қарор бигирад. Албатта, ҳама гуна мушкилотро бо беҳтар кардани ваъзи иҷтимоии шаҳрвандон метавон ҳал кард. Ҳар кадар ба шуғл ҷалб шаванд ва ваъзи иҷтимоӣ беҳтар бошад, ҳамон қадам мардумро аз ҷиноят худкушӣ дур кард”, - гуфт ӯ.
Хонаводаҳое, ки духтаронашон дар манзили шавҳару хушдоман худкушӣ мекунанд, бисёр вақт аз баррасиҳои додгоҳӣ норозӣ боқӣ мемонанд. Онҳо мегӯянд, ин қазияҳо бе назардошти воқеиятҳои зиндагии ҷабрдидаҳо ба додгоҳ рафта ва онҳое, ки занро ба худкушӣ водор мекунанд, беҷазо мемонанд.
Тибқи итиллои расмӣ дар ним соли 2016 дар Хатлон беш аз 20 ҳолати худкушӣ сабт шудааст, ки дар ин миён ноболиғон низ будаанд.