Духтарони тоҷик дар Ҷоми "Challenge Trophy" севум шуданд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз ҳисоби духтарони солҳои таваллудашон 1997-2000 таркиб ёфтааст, дар марҳилаи интихобии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҳандбол барои Ҷоми «Challenge Trophy» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми севумро касб кард.

Ин мусобиқаи минтақавиро Вазорати фарҳангу варзиш ва Федератсияи ҳандболи Ӯзбекистон таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ҳандбол баргузор карданд. Дар мусобиқа варзишгарони ҷавони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Дар сабқати занон мунтахаби Ӯзбекистон, ки бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад, ҷойи аввалро соҳиб гашт ва бо ҷоизаи аслӣ мукофотонида шуд. Мунтахаби Туркманистон ҷойи дувумро гирифт. Дастаи Тоҷикистон, ки бар тими Қирғизистон ғолиб омада, аз дастаҳои Ӯзбекистону Туркманистон мағлуб гашт, ҷойи севумро азони худ намуд. Мунтахаби Қирғизистон чорум шуд. Дар мусобиқаи духтарон дастаи Қазоқистон иштирок надошт.

Дар сабқати писарон низ мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар ҳамаи бозиҳо пирӯз шуд, ҷойи аввалро азони худ кард. Дастаи Қазоқистон ҷойи дувум ва мунтахаби Туркманистон ҷойи севумро ишғол намуданд. Мунтахаби Тоҷикистон чорум ва дастаи Қирғизистон панҷум шуданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, рӯзи 27-уми декабр хабар дод.

Вай афзуд, “дар ин мусобиқа варзишгарони ҷавони мо таҷоруби хуби байналмилалӣ касб карданд, ки дар мусобиқоти оянда ба кор меояд. Дар ҷараёни ин мусобиқа дар Намангон, инчунин давраи бозомӯзӣ барои мураббиёну доварон доир шуд. Мо аз ин машғулиятҳо бисёр чиз омӯхтем. Бахусус машғулиятҳои мутахассиси маркази таълимии мураббиёни Федератсияи байналмилалии ҳандбол Игор Шестаков ба мо хеле писанд омад."

Зимнан, Шестаков шогирди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст ва беш аз 20 сол инҷониб дар Норвегия зиндагӣ ва кор мекунад. Ӯ ҳоло яке аз мутахассисони варзидаи ҳандбол дар ҷаҳон ба шумор меравад.