Имомдод Таваллоев: Шӯҳрат наметавонист худкушӣ кунад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъди ду моҳи марги сарбози Горди миллии Тоҷикистон ба ҳангоми хизмат, волидонаш ба худкушии ӯ шубҳа карда мехоҳанд, мақомот фоҷеаи хонаводаи онҳоро холисона ва воқеъбинона таҳқиқ кунанд. Волидони Шӯҳрат Таваллоев ҳоло ба шарҳи расмии сабабҳои марги писар шубҳа карда мегӯянд, эҳтимолан писари 20-солаи онҳо аз тири туфанг кушта шудааст.