Отамбоев: Ҳамаи тағйирот ба Конститутсия муҳиманд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раъйдиҳӣ барои ислоҳи ҷанҷолбарангези Қонуни асосии Қирғизистон ва интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар ин кишвар хотима ёфт. Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон раъйпурсиро баргузоршуда эълон кард. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки ҳамаи иловаҳо ба Қонуни асосии кишвараш муҳиманд.