Кадоме беҳтар: Мессӣ, Роналдо ё Гризман? ВИДЕО

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхати се номзадро барои унвони беҳтарин бозигари ҷаҳон дар соли 2016 эълон кард. Ба қатори довталабон Лионел Мессии аргентинӣ, Криштиану Роналдуи португолӣ ва Антуан Гризманни фаронсавӣ дохил шуданд.

Месси имсол дар ҳайати "Барселона" қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Испания гардидааст. Роналду дар ҳайати мунтахаби Португалия қаҳрамони Урупо, инчунин дар ҳайати “Реал” ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шудааст. Гризманн бошад, дар ҳайати “Атлетико” то финали Лигаи қаҳрамонҳо ва дар ҳайати мунтахаби Фаронса ба финали қаҳрамонии Урупо роҳ ёфтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кадомӣ беҳтарин: Мессӣ, Роналдо ё Гризман?

ФИФА беҳтарин бозигари солро дар маросими ботантана рӯзи 9-уми январ дар Сюрихи Швейтсария эълон хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, пештар ҳамкории ФИФА ва маҷаллаи фаронсавии France Football, ки аз соли 1956 "Тӯби тиллоӣ"-ро тақдим мекард, хотима ёфта буд. ФИФА соли 1988 ҷоизаи нави худ - "Бозигари сол"-ро таъсис дод.

Соли 2010 ноширони маҷалла ва ФИФА шартномаи панҷсола ба имзо расонданд, ки тибқи он"Тӯби тиллоӣ"-ро Федератсиони байналмилалии футбол аз рӯи натиҷаи раъйдиҳии мураббиёну капитанҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ ва намояндагони васоити ахбори умум месупорад.