Зиндагӣ дар "гараж"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як зани 35-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, агар мақомот дастгирӣ накунанд, дар фасли сармо бо се тифлу модараш дар кӯча хоҳад монд. Сурайё Дадобоева гуфт, хонаводааш панҷ моҳ дар “гараж” зиндагӣ ихтиёр карда буд, вале бо шурӯи хунукӣ ҳамсояҳо онҳоро дар манзили иҷораи арзонтаре ҷой намуданд.