Сокинони Зинг зимистонро дар хаймаҳо пешвоз мегиранд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сардиҳои ахири Тоҷикистон ҳоли хонаводаҳоеро, ки дар пайи омадани сел дар баҳори имсол бесарпаноҳ монданд, табоҳ кардааст. Оилаҳое, ки 6 моҳи пеш дар деҳаи Зинги Дарвоз бар асари боришоти зиёд ва омадани сел хонаҳои худро аз даст доданд, мегӯянд, тамоми ин муддат зери хайма ва ё дар хонаи хешу наздикон шабро рӯз мекунанд.