Тоҷирони Узбакистон: Тарафдори омадурафти бештар ҳастем
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барои нахустин бор дар Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Диёри ҳусн” гурӯҳи бузурги ҳунармандон аз Узбакистон ҳам иштирок мекунанд. Баъди даргузашти президент Ислом Каримов дар моҳи сентябри имсол, раҳбарияти нави Узбакистон мехоҳад, робитаҳояшро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла фарҳанг, тавсеа бахшад.