Кӯлоб барфпӯш шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
22 ноябр дар Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб барфи зиёд борид. Барои сокинони маҳаллӣ ин боришот ногаҳонӣ ва ғофилгиркунанда буд, чун ҳанӯз тирамоҳ охир нашуда ва борон ҳам наборида, якбора барфи зиёд борид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинонро ба захираи ғизову сӯзишворӣ даъват кардааст.