Ҳар рӯз як зан дар Тоҷикистон қасд ба ҷонаш мекунад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳар сол дар Тоҷикистон 400 зан ва ё ҳадди ақалл 1 зан дар рӯз бар асари хушунати хонаводагӣ қасди ҷони худ мекунад. Танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 160 ҳодисаи худкушии занон сабт шудааст, ки дар аксар ҳолатҳо қурбони бадмуомилагӣ дар хона шудаанд.