Дар рустои Қарабоғи вилояти Бодканд ҳудуди 300 қаҳрамонмодар сабтином шудаанд ва дар ин минтақаи Қирғизистон будани фарзанди зиёд дар хонаводаҳо касеро ба ҳайрат намеоварад. Шамсиддин Ёрматов, як масъули деҳаи Қарабоғ, гуфт, расман ба 200 зан унвони қаҳрамонмодар супурда шудааст.
Рустои Қарабоғи вилояти Бодканд наздики ҳашт ҳазор аҳолӣ дорад. Танҳо ҳамин сол беш аз 500 кӯдак ба синфи якум рафтааст.
Тозагул Мамадова, сокини 30-солаи деҳаи Қарабоғ, нӯҳ фарзанд дорад. Писари хурдиаш шашмоҳа аст ва писари калониаш дар синфи шашум мехонад. Ӯ гуфт, “фарзандони калонӣ ҳар саҳар ба мактаб мераванд. Ман онҳоро ба дарс гусел мекунам ва дар хона бо фарзандони хурдиям мемонам. Шавҳарам низ аз субҳи барвақт дар кор аст. Барои ҳамин, ба ман ёрӣ карда наметавонад.”
Тозагул мегӯяд, хушбахтона мошини ҷомашӯӣ дорад. Ҳарчанд мошини ҷомашӯияш пешрафта нест, вале соҳибхона қаноат мекунад ва мегӯяд, ки бештари занҳо дар деҳот ҳатто ҳаминро надоранд. Ба гуфтаи Тозагул, барои занони ҳамдеҳааш бениҳоят мушкил аст. “Дар деҳа кӯдакон зиёданд. Ягон оила ду ё се фарзанд надорад. Ҳама соҳиби 5-6 фарзанд аст”,-нақл кард ӯ.
Рустои Қарабоғи вилояти Бодканд наздики ҳашт ҳазор аҳолӣ дорад. Танҳо ҳамин сол беш аз 500 кӯдак ба синфи якум рафтааст. Аз зиёд шудани аҳолӣ дар деҳа хушдомани Тозагул хурсанд аст. Ӯ мегӯяд, доштани 9 набера ҳанӯз охири кор нест ва арӯси хонадон метавонад боз чанд набераи дигарро барояш тӯҳфа кунад.
Батма Мамадова гуфт, “набераҳоям мустақиланд. Ба ман кумак мекунанд. Худоро шукр, келинам кӯдаконро рӯи даст мебардорад ва намегӯяд, ки дастонаш дард мекунад.” Аммо худи Тозагул мегӯяд, ба эҳтимоли бештар бо ҳамин нӯҳ фарзанд иктифо хоҳад кард.
Гузориши комили видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад